Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди бист дақиқаи интизорӣ дар даҳлези прокуратура муфаттиш ҳам расида омад ва Субҳияро ба дафтари кориаш даъват намуд.
Боҳир Қаюм дар даҳлези идораи прокуратура боз танҳо монд, танҳо дар иҳотаи андешаҳои хеш…

… 17 …

Муфатиши прокуратура дар ҳолате занг зад, ки Абдумаҷидов дар наздикиҳои маҳаллаи Каҳкашон буд. Аз рӯйи нақшаи пешакӣ ӯ худ бо нигори нуздаҳсолаи Боҳир Қаюм нияти вохӯрдан дошт, вале чун муфаттиш тариқи телефон аз ӯ маслиҳат пурсид, вай дигар интизори бозгашти дилдодагон нашуда, дар куҷо будани онҳоро ошкор кард. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки Фурӯғи Шариф дар муқобили олами криминалӣ қадамҳои аввалини хешро мегузошт, чун он паррандае, ки нав болу пар бароварда нияти парвоз дорад. Маҳз аз ҳамин хотир Абдумаҷидов монеаи парвози он Мурғи самандар7 нашуд…
– Не, ӯ ҳатто бо даъвати муфаттиш ҳам ба дафтари кории вай нияти рафтан надорад. Бигузор Фурӯғи Шариф дар парвоз танҳо бошад, парвози танҳо бӯйи озодиро ба машом мезанад.
Озодӣ бошад илҳом меорад, илҳом…
Абдумаҷидов ба самти муқобили роҳ гузашта, ба троллейбус нишаст ва дар рӯ ба рӯйи Боғи марказӣ фаромад. Мақсади ӯ на ба прокуратура рафтан буд. Ҳанӯз дар маҳаллаи Каҳкашон ӯ ба хулосае омад, ки ҳодисаи рухдода таҳлил мехоҳад. Дишаб ҳам ӯ сари ин масъала бисёр андеша намуд. Аз он чи ки Мухтор Ҳайдар тасодуфан ҳадафи тир қарор гирифтааст, ҷои баҳс ҳам набуд… Дувоздаҳ маротиба ба кӯчаи Сулҳ рафтани Боҳир Қаюм худ аз он шаҳодат медод, ки қотил маҳз ӯро нияти аз байн бардоштан дорад. Қотил аз куҷо медонист, ки дар автомашинаи «Мерседес 600» дигар кас маъшуқаи Боҳир Қаюмро то пеши бинои истиқоматиаш гусел мекунад. Модоме, ки ӯ супориш гирифт, аз ӯҳдаи иҷрояш ҳам баромад. Агар қотил ҳамон шахси аз бинои нӯҳошёна афтида бошад? Аз рӯйи хулосаи пешакӣ ташхисгари тиббӣ шахси аз бино афтида аз баландии на бештар аз ҳашт– даҳ метр ба поён омадааст. Баландӣ он қадар зиёд ҳам набуд.

пешина
аз 515
навбатӣ