Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз чунин баландӣ даҳҳо нафар афтидаву зинда мондаанд. Ба замми ин он чӯби дар ошёнаи сеюм буда, низ ба дурустии хулосаи ташхиси тиббӣ шаҳодат медиҳад. Касе қасд ба ҷони он фарди гарданшикаста карда бошад ҳам тавассути ҳамон чӯб намудааст. Чун замини таги бино аз барфу сармо ях баста будааст, шахси аз бино ба поён омада, бо суръати аз баландӣ омаданаш рӯйи замини яхшуда лағжида сараш ба девори бетоние, ки дар масофаи ду – се метр аз ҷойи афтидан биноро аз роҳ ҷудо мекунад, бархӯрдааст.
Ташхисгари тиббӣ ҳам айнан дар ҷойи ҳодиса ба чунин хулоса омада буд. Тайи қариб як шабонарӯз Боҳир Қаюм дар зери назорати оперативӣ буд, вале гурӯҳи назоратӣ то кунун хатареро аз қафои шахсе, ки ҳимояашро ба дӯш доранд, ҳис накардаанд, муайян намуданд он тараф истад.
Масъалаи дигаре, ки таҳлили аниқи хешро мехост ин дар ҷойи ҳодиса дарёфт намудани таппончаи навъаш номаълум буд. Таппончаи мазкур дар ҳодисаи ба сари Мухтор Ҳайдар омада алоқае дошт ё не баҳри худи ӯ низ муаммо буд. Як чиз мусаллам буд, ки тири қафаси синаи Мухтор Ҳайдар аз вуҷудаш бурун нарафта буд. Дар ҷойи ҳодиса бошад мармии дигар ёфт нашуд. Пас куҷост он гилзаи аз мармӣ холишуда, ки тариқи даричаи таппонча берун ҷастааст? Оё шахси дар он ҷо буда, имконияти он гилзаи холиро гирфтан дошт ё не? Автомашинаи милиса тахминан бист дақиқа баъди гирифтани хабар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки яку якбора касе ба милиса занг назадааст. Муайян карда шуд, ки шахси зангзананда аз телефон автоматӣ кӯчаи Шоҳин, ки тахминан дар масофаи ҳашт километр аз кӯчаи Сулҳ дуртар аст, занг задааст. Шахси зангзананда худро бо номи Ҳикмат Давлат муаррифӣ намудааст. Ӯ кист ва ин хабарро аз кӣ шунидааст? Чаро аз кӯчаи Марказӣ, ки бо кӯчаи Сулҳ ҳамшафт асту даҳҳо телефон автомат дорад, занг назадаанд. Ӯ бисёр донистан мехост, ки кист он Ҳикмат Давлат ва аз кӣ хабарро дар бораи қатли ронандаи «Мерседес 600» шунида бошад.
– Ист, – нидо омад аз қалбаш ва ӯ ҳамоно дар ҷояш истод, паҳлӯи роҳ сари андешаҳои хеш.

пешина
аз 515
навбатӣ