Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чаро ҳамин чизи оддиро ба хотир наовардем. Рафту агар шахси зангзананда аз кӯчаи Шоҳин Боҳир Қаюм бошад чӣ?
– Дигар кас ҳам шуданаш мумкин нест. Ҳар он чи ки Боҳир Қаюм, нишондод додаст, ки соатҳои нуздаҳ Мухтор Ҳайдар ӯро то фурудгоҳ бурда пас гаштааст, ба ҳақиқат рост намеояд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ташхисгари тиббӣ хулосаи пешакии худро бар он гуфт, ки Мухтор Ҳайдар ним соат пеш аз ба ҷойи ҳодиса рафтани гурӯҳи фаврӣ ба ҳалокат расонида шудааст. Пас дар давоми соатҳои 1900–2030 дақиқа автомашинаи «Мерседес 600» дар куҷо будааст? Аз фурудгоҳ то ба кӯчаи Сулҳ на бештар аз бист дақиқа роҳ аст. Барои чунин автомашина ҳатто ду –се дақиқа камтар ё…
– Ҳеҷ мумкин нест, ки ронанда бо арӯсшавандаи шефаш дар муносибати маҳрамона қарор дошта бошад. Агар чунин мебуд, онҳо метавонистанд дертар ҳам баргарданд.
Агар Боҳир Қаюм аз хонааш баромада бошад чӣ?
– Аз эҳтимол дур нест, ки кор чунин сурат нагирифта бошад. Баъди аз тарабхонаи «Бону» баромадани Боҳир Қаюм маҳз дар ҳамин автомашина то ба пеши хонааш омадааст ва сипас ба Мухтор супориш додааст, ки арӯсшавандаашро гусел намояд. Шахсе, ки дар тарабхона ӯро ба зери ҳимояи хеш гирифта будаст, тариқи телефон киллерро огоҳ намудааст, ки объект ба самти ӯ ҳаракат дорад, бехабар аз он ки Боҳир Қаюм дар пеши хонааш мефарояду гусели арӯсашро ба зимаи Мухтор Ҳайдар, ки дар пеши хонааш, албатта, мувофиқи маслиҳати пешакӣ ба ҷойи ӯ сари чанбараки рул менишинад. Рафту агар вассӣ ҳам ӯро дунболгир будааст, эҳтимол бо сабабе аз автомашинаи «Мерседес 600» қафо мондааст. Ба хотири ошкор нашудани рози ниҳонаш Боҳир Қаюм ҳамоно вориди хонааш шудааст ва шояд панҷ ё даҳ дақиқа пас таксиро ҷеғ зада, ҷомадон ё сумкаи сафариашро ба даст гирифта берун баромадааст.
Аз эҳтимол дур нест, ки Субҳия то кунун насабашро муайян накардаем тариқи телефони дастӣ бо ӯ дар тамос шуда, вайро аз ҳодисаи ба сари ронанда омада хабардор накарда бошад.
Дар ҳамон маврид такси эҳтимол дар қарибиҳои кӯчаи Шоҳин ба самти фурудгоҳ ҳаракат доштааст. Чун Боҳир Қаюм хабарро шунидааст арӯсшавандаашро ҳушдор сохтааст, ки худро ошкор насозад ва танҳо ба хотири автомашинааш шуда дар кӯчаи Шоҳин таксиро боздошта аз телефон автомати муқобили самти ҳаракати таксӣ ба милиса занг задааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё