Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Абдумаҷидов аз, сари роҳи пеши Боғи марказӣ тариқи телефони дастиаш ба шӯъбаи навбатдори ШКД–и ноҳияи Гулистон занг зада, фикру ақидаи хешро байён намуд.
Сардори қисми навбатдорӣ майори милиса Каримов ӯро ором кунонида хабар дод, ки лентаи сабти овозе, ки ба телефони 02 пайваст шудааст ва камаш боз барои ду шабонарӯз басанда аст.
Акбар Ҳакимовичро ин тасалои сардори қисми навбатдорӣ осуда нагузошт. Ӯ ба Маркази хабарии Вазорати корҳои дохилӣ нияти рафтан дошт, аммо баъди андешаҳои сарироҳии хеш ба идораи милиса роҳсипор шуд. Каримов ӯро дида гуфт, ки беҳуда муҳтарам Абдумаҷидов худро озор додаву аз роҳ баргаштааст.
– Чаро?
– Чунки шаби 7 ба 8-уми январ телефони 02 бе лентаи сабти овоз кор кардааст.
– Бо гуноҳи кӣ?
– Сараввал бо гуноҳи ман, сипас бо гуноҳи навбатдор, – гуфт Каримов.
– Магар чунин шуданаш ҳам мумкин аст?
– Акбар Ҳакимович худатон нағз медонед, ки дар ҷойе, ки кор ҳаст камбудӣ ҳам мешавад.
Абдумаҷидов дигар сухане ба забон наоварда, ба дафтари кориаш, ки дар ошёнаи дуюм воқеъ буд баромад. Аслан зарар чандон гарон ҳам набуд. Албатта, сабти овоз мешуд хуб буд, вале аз набуданаш ҳам изҳори нигаронӣ кардан маъние надошт. Абдумаҷидов метавонист алоқаи телефонии Субҳияро бо Боҳир Қаюм низ тариқи системаи «Вавилион – М» ва ё «Индиго» муайян намояд, агар дар ҳақиқат телефонҳои дастии дилдодагон мутеи ҳамин ширкатҳо бошанд. Барои ин танҳо қарори муфаттиш лозим буду бас, вале Абдумаҷидов ба муфаттиши прокуратура ҳам занг назад, чунки худи Фурӯғи Шариф мувофиқи ваъдаи пешакӣ ба вай бояд занг мезад. Абдумаҷидов ҷисми хешро ба курсии мулоим гирифта, лаҳзае пас аз сейфи оҳанин парвандаҳои ҷустуҷӯии дар истеҳсолот доштаашро берун овард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё