Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 18 …
– О, ин чӣ кори кардагиат?
– Кадом кор, шеф?
– О, вай лаънатӣ зинда – ку?
– Кӣ?
– Ҳамон шоҳид.
– Бовар намекунам. Охир тир қафаси синаашро дарида буд, ман худам дидам.
– Гумон дорӣ, ки ман дурӯғ мегӯям?
– Ақли кас намегирад, ки баъди чунин зарба шахс зинда монад.
– Ҳамаи гап дар сари ҳамин, ки вай лаънатӣ чӣ буд номаш?
– Киро дар назар доред?
– Ҳамон киллери киро намудаатро.
– Номашро – ку намедонам, лақабаш Санҷоб, вале ман худам дидам, ки ӯ ҷон ба ҷонофарин супурда буд. Дар ин бора метавонед осуда бошед.
– Эй бало ба паси вай Санҷобат! Бо гуноҳи худат вай киллери киронамудаат тирро дар қафаси синаи дигаре ҷо намудааст.
– Бовар намекунам…
– Бало занад, туро бо ин ҳама бовар накарданат! Ман гуфта истодаам, ки вай лаънатӣ зинда аст, мефаҳмӣ?
– Гуноҳи мо чӣ шеф. Ҳамоне, ки он паричеҳраро то ба пеши хонаашон овард ва боз гуселаш намуд ҳадафи тири Санҷоб қарор гирифт, вале ман ҳам вайро боб кардам.
– Киро?
– Санҷобро да, набошад боз ду лимон аз даст мерафт.
– Акнун барои ҳамин корнамоиҳоят ин даъфа киллеро аз ҳисоби худат меёбӣ.
– Чаро аз ҳисоби худам. О, шумо худатон тариқи телефон аз тарабхонаи «Бону» хабар додед, ки «меҳмон»–ро қабул намоем. Расо баъди ҳаждаҳ дақиқа автомашина «меҳмон» ва нигори ӯро то пеши он бино овард, айби мо чи ки дигаре худ ба истиқболи марг омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё