Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Шеф тамоку даргиронда нафаси чуқуре кашид. Дар зери фаввораи дуди тамоку ӯ сари андеша монд.
– Ҳамааш айби худам шуд, не айби ман ҳам не. Дар чорроҳа ҳамон Москвичи шалақ бозмонду ман баромада натавонистам. Баромадам, вале чун он Москвичро ҳангоми дубора сабз шудани чароғаки чорроҳа чанд тан тела дода аз роҳ бароварданд. Худи вай домодтура сари чанбараки рул буд. Исто, ки чаро ҳамон даъфа он паричеҳра дар паҳлӯи ронанда нанишаст.
Аҷиб, ки ман автомашинаро боз худам то қарибиҳои ҳамон биное, ки Санҷоб интизорӣ дошт гусел намудам. Пас чӣ тавр ва дар куҷо домодтура он бечораи мустамандро ба сари чанбараки рул нишонда, ба истиқболи марг гусел намуд? Мерседес аз назари ман се – чор дақиқа дур монд ва ана натиҷааш. Шоҳидро монда тирро дар қафаси синаи дигаре ҷо ба ҷо намуданд. О, вай Санҷоби лаънатӣ расми ӯро дида буд. Чаро ин хел шуд?
– Рафту агар вай фаҳмад, ки қасд ба ҷони худаш будааст, хомӯш нахоҳад шуд, – аз дил гузаронид шеф ва бо овози шунаво гуфт:
– О, ман расми вайро ба худат дода будам, ки ба киллер нишон диҳӣ. Гуфтам, ки ӯро чӣ қаду қоматест, ё нагуфтам?
– Гуфтед, ман ҳамаашро ба Санҷоб гуфтам, расмро ҳам нишон додам.
– Ман ҳатто тариқи телефон худатро огоҳ намудам, ки меҳмон дар тан нимтанаи чармини рангаш сиёҳ дорад, ё нагуфтам?
– Гуфтед, он мард ҳам айнан чунин намуди либос дошт.
– Бало занад шуморо, наход дар рушноии чароғи барқӣ вайро аз қаду қоматаш шинохтан имконият надошт?
– Қаду қомати вай ҳам айнан ба ҳамон гуфтаи шумо рост меомад, барои ҳамин Санҷоб на яку якбора, балки муддати ду – се дақиқа ӯро наззора намуд ва танҳо баъди ин қулангро зер кард.
– Гуфтед, ки таппончаашро гирифтам?
– Ҳа гирифтам, вале чун дидам, ки тир надорад, онро дар ҳамон ҷо дар дохили қубуре пинҳон кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё