Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ?
– Гуфтам, ки таппончаро дар дохили қубури оҳанине, ки дар зери оҳанпораҳо буд, пинҳон намудам. Охир ман наметавонистам, ки онро дар тамоми шаҳр шабона ҳамроҳи хеш биёрам. Шумо нағз медонед, ки чашми милисаҳо дар шаб чун чашми бум аст.
– Гилзаи аз таппонча баромадаро куҷо кардӣ?
– Онро баъди баромадан аз дохили он майдонча байни гулҳои сармозадаи сари роҳ партофтам.
– Бо Санҷоб дар куҷо вохӯрда будӣ?
– Дар тарабхонаи «Моҷаро».
– Магар чунин тарабхона ҳам ҳаст?
– Ҳаст наход, ки дар шаҳр зиндагӣ дориву «Моҷаро» – ро надида бошӣ.
– Чӣ номҳое.
– Мегӯянд, ки соҳиби «Моҷаро» нисфи ҳаёташро дар паси панҷара гузаронидааст. Акнун он ҷойи вохӯрии дӯстони дерина аст.
– Ҳеҷ нафаҳмидам чӣ хел дӯстон?
– Ҳамонҳое, ки аз паси панҷара берун меоянд ва бо тавсияи боло меҳмони «Моҷаро» мешаванд.
– Кадом боло?
– Бо тавсияи онҳое, ки дар маҳбасанд.
– Инро ба худат кӣ гуфт?
– Ангӯрро хуру боғашро напурс.
– О, ин ҳамааш сафсата.
– Чӣ хел сафсата, о агар «Моҷаро» намешуд, ман чӣ тавр метавонистам ба Санҷоб шинос шавам.
– Тахаллуси вайро чӣ маъние будааст нафаҳмидӣ?
– Аз рӯи шунидаам, ӯ ҳатто тариқи қубурҳои биноҳои баландошёна ҳам то болои бино баромада метавонистааст.
– Ва худат чунин шахсро ба поён тела додӣ?
– Супориш аз боло буд– ку шеф.
– Хайр шуд, акнун, ягон илоҷе намуда, вай лаънатиро, ки ҷони хеш аз ҳукм раҳо кард, аз қафои вай…
– Фаҳмидам, вале дар ин замона…
– Аз касаи умумӣ як лимон боқимондааш, аз ҳисоби худат.

пешина
аз 515
навбатӣ