Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ин роҳзани рӯирост аст, шеф.
– Ин беҳ аз он аст, ки моро барои вай ҳодиса ба курсии ҷиноятӣ мекашанд.
– Ба гумон аст.
– Чиро дар назар дорӣ?
– О, ҳодиса аз ин ҷо дар масофаи ҳазорҳо фарсах роҳ рух дод.
– Ва ҳазорҳо фарсах дур аз диёр моро ҳамдиёри худамон дид, мефаҳмӣ?
– Фарз кардем, агар ӯ аз мо гумони бад мебурд аз дусар дар ҳамон ҷо ба милсиа хабар медод.
– Ба фикри ман ӯ ба милиса барои он хабар надод, ки вақташ кам буд.
– Дар милиса ду рӯз вақти ӯро намегирифтанд – ку.
– Чун ӯ дар тараддуди фиристодани қатора буд, моро ба ҳоли хеш гузошт.
– Шояд бо вай забон як намоем.
– Алакай дер шуд.
– Чаро?
– Чунки ӯ низ дар айни вақт дар марги вай ронанда гумонбар аст.
– Кӣ гуфт?
– Ман мегӯям.
– О, вай гунаҳкор нест – ку?
– Ин фикри мост, вале агар ману худат милиса мешудем, ҳатман аз ӯ гумонбар мешудем.
– Бе далел?
– Сараввал шахсе, ки маъшуқаи вайро то ба пеши хонааш бурд, бори аввал ба он маҳалла рафта буд. Собит намудани ин кор барои милиса душворие надорад. Онҳо дар суҳбати аввал бо паричеҳра ба чунин хулоса хоҳанд омад. Дуюм ҳаргиз бе мақсад касе қасд ба ҷони каси дигар нахоҳад кард. Милиса ба вай дӯсти мо хоҳад фаҳмонд, ки қасд ба ҷони худи ӯ равона шуда будааст ва тасодуфан он шахс ҳадафи тири қотил қарор гирифта. Дар он сурат ӯ маҷбур аст, ба ёд биёрад, ки кай ва дар куҷо сади роҳи дигаре гаштааст, ки чунин ҷазоро баҳраш раво дидааст. Сеюм агар милиса ӯро дар қатли ронанда гумонбар созад аз ду сар марги Саҷоб ҳам ба души вай меафтад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё