Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Марги ду тан бошад ҷинояти вазнин аст. Ту бошӣ ӯро ба ҳамзабонӣ даъват намудан мехоҳӣ. Аввал андеша баъд гуфтор, вале мебинам, ки худат беандеша сухан гуфтӣ.
– Ба худат осонтар, барои ҳамин оқилона андеша меронӣ, ман бошам…
– Гап зан!
– Ман бошам алакай хуни он ду нафарро ба дӯш дорам ва агар барои он кирдори дар хориҷи кишвар собит намудаам беҷазо монам, вале дар ин ҷо бандаро аз ҷазо гурехтан роҳ нест.
– Тарсидам гӯй?
– Тарсидам ё не ин ҳанӯз анҷоми кор нест.
– Ба фикри худат чист анҷоми кор?
– Анҷоми кор он аст, ки ҳеҷ кишт бе дарав намонда ва агар ман Санҷоббойи мегуфтагиатро тариқи он лулачӯб ба поён тела намедодам, ӯ нафари дигареро ҳам ҳадафи тири хеш қарор дода буд.
– О, гуфти ки дар таппонча тири дигар набуд – ку.
– Инро ман баъд фаҳмидам, вале дар он лаҳза аз куҷо медонистам, ки вай таппончаи лаънатӣ тир надорад.
– Ӯ ба ҷони кӣ қасд намуд?
– Аз куҷо донам, ба ҳар ҳол баъди афтидани он мард дар пеши автомашинаи «Мерседес» ӯ таппончаашро ба тарафи ҳамон бино рост кард. Ба фикрам вай касеро паси оинаи тирезаи рӯ ба рӯ дида буд. Маҳз ҳамин ҳолат бандаро водор сохт, ки тезтар чорае андешам.
– Бубахш, ман худам дар бораи андеша сухан рондаму беандеша сухан кардам. Мо ҳардуро аз ҷазо роҳи гурез нест.
Ҳамаи ҷаҳду талошҳои банда низ барои ҳамин аст. Чи гумон дори ки вай спортсменти лаънатӣ /Боҳир Қаюм дар назар аст/ дар он ҷангал тасодуфан пайдо шуд?
– Аз куҷо донам?
– Ман бошам медонам.
– Чиро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё