Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Он чиро ки ӯ аз аввал моро дунболгир буд ва шояд аз роҳи калон то он ҷойе, ки моро дид чун спортсмен аз қафои мо барои ҳамин давида омад.
– Охир ӯ ягон чизро надид – ку.
– Чӣ хел надид?
– Вақте ки ӯ бо мо рӯ ба рӯ омад он автомашина алакай сӯхта хокистар шуда буд.
– Бо ронандааш ҳаминро аз хотир набарор.
– Бо ронанда ва ё бе ронанда чӣ аҳмият дорад, дар он лаҳзаҳо мо аз он ҷо тахминан дусад – дусаду панҷоҳ метр дуртар будем.
– Бо сумкаҳои калон…
– Хайр чӣ?
– Танҳо девона намефаҳмад, ки дар он субҳи содиқ шахси сумкабадаст дар ҷангал бе мақсад ҳаракат дорад.
– Русия ҳамааш ҷангал аст ва сумкабадастонаш, ки ҷангалро убур мекунанд кам нестанд.
– Аз лиҳозе, ки аз куҷо то ба куҷо ҷангалро убур мекунанд.
Аз ҳамон самте, ки мо ба сӯи роҳи калон ҳаракат намудем, дар масофаи даҳҳо километр на деҳ асту на хоначае дар канори ҷангал, ба замми ин боз он дуди зормондаи автомашинаи сӯхтаистода…
– Ба фикрам ҳамшаҳри мо саргарми давиданҳои хеш буд ва ба гумон аст, ки ӯ дар нисбати мо чизеро гумонбар шуда бошад.
– Ҳарчанд ҳамон субҳ мо аз шаҳр баромадем, вале аз рӯйи ақлу фаросат гумон мекунам, ки субҳи дигараш рӯзномаҳои маҳаллӣ ҳодисаи мазкурро сенсатсия намуданд. Ҳатто агар дӯсти бекинаи мо, ки имрӯз мавриди муҳокимаи ҳамдиёронаш қарор гирифтааст, дар лаҳзаи аввал нисбати мо гумоне надошта будааст, вале баъди хондани он хабар, албатта, ба хулосае омадааст.
– Рафту хабарро ҳам нахонда бошад чӣ?
– Рафту-рафту бо ин андешаҳои хоми хеш мо оқибат ба пойи худ теша мезанем.
– Хайр чӣ бояд кард?

пешина
аз 515
навбатӣ