Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Таваккал бояд кард, таваккал. Таваккал нар бувад, андеша модда, танҳо баъди он мо осуда шуда метавонем. Он дороие, ки моро насиб гашт ба ҳама гуна таваккал меарзад, мефаҳмӣ?
– Фаҳмидам…
… 19 …
Пурсиши Субҳияи Шокир ҳам натиҷае надод. Баъди рафтани ӯ муфаттиш гаштаю баргашта сабти овози ӯро гӯш кард, вале ҳамааш бе натиҷа.
– Ман ӯро аз пушти тирезаи балкон рӯи роҳ афтода дидам ва ба Боҳир Қаюм занг задам.
Аз чи бошад, ки симои Субҳия ҳеҷ аз пеши назараш дур нашуд, ки нашуд ва бо ҳама ҷавони хеш донишҷӯ аз таҷрибаи рӯзгор нағз баҳра гирифта будааст. Ба баъзе суолҳои муфаттиш донишҷӯ чунон посух гуфт, ки агар замин мекафиду шунавандаро фурӯ мебурд, розӣ буд. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду муфаттиш ба суҳбат нуқта гузошт.
Суҳбат чун муколамаи нотамом монд. Баҳри чунин дег (Субҳия дар назар аст) кафлези дигар мебояд ё ба гург бо забони худаш гуфтугӯ лозим… Муфаттиш афсӯс бар он хӯрд, ки баъди бозгашт аз қаҳвахонаи «Сарез» ба Абдумаҷидов занг назад, ҳарчанд ваъда дода буд, ки занг мезанад. Озодӣ хост, озодӣ дар пурсиш чӣ, магар касе ҳуқуқҳои ӯро чун сарвари гурӯҳи тафтишотӣ поймол намуда буд.
Бе пир марав, ки дар бимонӣ, Ҳарчанд Сикандари замонӣ – гуфтаниҳои мардум куҷо шуд? Озодӣ хост, озодӣ ва ҳамааш аз бад бадтар шуд.
– Ман ӯро аз пушти тирезаи балкон рӯи роҳ афтода дидам ва ба Боҳир Қаюм занг задам…
Ҳатто напурсид, ки чаро ба Боҳир Қаюм занг заду ба милиса не, ё худ чаро паси оинаи балкон рафт, шояд ӯ хабар дошт, ки Мухтор Ҳайдарро бояд аз байн бардоранд? Ана, акнун ёбу гир, дигар на ӯ на каси дигар нуги калобаеро, ки вай печидааст ба осонӣ нахоҳанд ёфт. Боз шон муфаттиш будааст. Ман соя не гуфтанашро ба ёд оварда дилаш таҳ кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё