Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Пас Абдумаҷидов чӣ гумон мекунад? Охир ӯ возеҳу равшан гуфта буд, ки қувваи мушт дар муттаҳидии ангуштон аст, пас чаро ин ҳамаро ман сарфи назар намудам, ба кадом хотир?
Фурӯғи Шариф суҳбати имрӯзаву дирӯзаи худро чун қиёс ба риштаи тасвир кашид…
Суҳбати дирӯзааш бо ҳама камбудиҳо таровати бештаре дошт, он суҳбат, ҳатто ба Абдумаҷидов хуш омад.
– Имрӯз чӣ?
Муфаттиш сари ҳамин масъала дар андеша шуд:
Ҳанӯз аз аввали суҳбат Субҳия ҳиҷоб он ҳиҷоберо, ки зевари зан аст, зери пой зад. Ӯ чун пардаи шарму ҳаёро бидарид муфаттиш лол монд. Замин накафид, ки худ фурӯ раваду рӯйи ҳамсуҳбати хеш набинад. Давоми суҳбат - суҳбати қолабӣ шуд ва аз қолаб бурун нашуда дури мақсуд ба даст оварда нашуд.
Фурӯғ дигар сабаберо дар пурсиши имрӯзаи худ надид. Ӯ аслан бо ҷинси хеш чун гург бо гург суҳбат карда натавонист. Субҳия маводи деги дигар буд ва ӯро кафлезе лозим буд мувофиқи он дег.
Касе бар дар ангушт заду ӯ аз байни андешаҳои бесару нӯги хеш, ки шояд майнаашро бозор пиндоштаву ҳайҳуй доштанд бурун омада, гулӯ рушан кард.
Котиба даро каме кушода ӯро ба назди шеф хонд.
– Ҳозир меоям, – гуфту қоғазҳои паҳну парешони болои мизро ғундоштанд гирифт, бехабар аз он ки бозор бо ҳою ҳуяш зебост. Бозор мазор нест, ки қадам оҳиста ниҳӣ, то руҳи азизони хомӯшро халалдор насозӣ. Дафтари кории муфаттиш ҳам бозор аст, бозори ҷинояткору ҳомии ҳуқуқ, пас чӣ ҷойи андеша?
«Тартибу низом боядат мудом», – нидо омад аз қалбаш.
Фурӯғ қоғазҳоро ба тартиб оварда, ба ғалладони мизи кориаш гузошта, аз ҷой бархест…
– Хуш корҳо чӣ хел? – курсиеро нишон дода пурсид прокурор.
Муфаттиш ба як кунҷаки курсӣ ҳамоил нишаста гуфт:
– Пешравие дар кор нест, оё беҳтар нест, ки парвандаи мазкурро ба ягон нафари соҳибтаҷриба вобаст мекардед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё