Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ин ҷо бозор нест, мефаҳмед!
– Ҳа, чияш нофаҳмо.
– Модоме, ки фаҳмида бошед, аз пайи кор шавед!
Муфаттиш аз дафтари кории сарназоратчии қонун берун шуд.
– Ин ҷо бозор нест, – гуфтани прокурор дар гӯшаш садо доду садо.
– Бозор нест. Чаро чунин гуфт? – Ин хитоб акси садое аз дили бенанг нест. Маълум, ки прокурор аз кори банда розӣ нест. Модоме, ки чунин аст пас чаро тафтиши парвандаи ҷиноиро аз рӯи ҳодисаҳои дар кӯчаи Сулҳ рухдода ба зиммаи муфаттиши таҷрибаноке нагузошт.
– Ин ҷо бозор нест.
– Рост охир прокурор бандаро ба наздаш даъват намуд.
Ман бошам чун замони таҷрибаомӯзӣ бо дастони холӣ ба наздаш тохтам. Ман ҳам ба ҷойи ӯ мешудам бо зердастам хола – хола карда намешиштам, балки ӯро барои надоштани нақшаи корӣ аз дафтари кориам пеш мекардам.
«Сараввал ба ҷойи ӯ расидан лозим»,– шунид нидои қалби хешро.
– Инаш рост, – гӯён Фурӯғ сари мизи корӣ нишаста, қоғазу қаламро пеши худ гузошт. Солҳои донишҷӯӣ ва ҳам дар давраи таҷрибаомӯзӣ устодон тутивор такрор мекарданд:
– Дар тафтишот нақшаи корӣ ногузир аст.
Ӯ бошад ду рӯз боз бе нақшаи корӣ кур – курона амал мекунад ва боз даъво дорад, ки пешравие дар кор нест. Магар бо чунин муносибати сард ба кор метавон пешравиеро интизор шуд?
– Ин ҷо бозор нест…
– Ҳатто дар бозор ҳам тартибу низоми муайян ҷорист, ин ҷо бошад…
Фурӯғ болои қоғазҳои сафед майна об мекард. Рӯйи нақшаи кории тартибдодаи вайро назаряҳои гуногун зер намуданд. Ӯ чун сарлашкар ба майдони набард нигоҳ намуда қушунҳоро аз як самт ба самти дигар мепартофт. Мақсади сарлашкар нигоҳ доштани мувозинати қушунҳо дар тамоми фронт буд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё