Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муфаттиш чунон саргарми кор шуд, ки лаҳзае дар торикӣ монд, вале баҳри аз чашми душман эмин доштани дидбонгоҳи хеш /НП – наблюдательный пункт/ аз истифодаи рушноӣ худдорӣ кард…
Ниҳоят он ҳама нақшаҳои тартибдодаи хешро ба ҷузвдони чармине андохта аз дафтари кориаш берун шуд. Шаб бо тамоми ҳастиаш ҳокими мутлақ буд…

… 20 …

Боҳир Қаюм баробари аз утоқи кории муфаттиш баромадани дилдодааш аз курсии дарози чӯбини даҳлез, ки дар кунҷи дигари бино меистод бархеста, чанд қадам ба тарафи Субҳия гузошта пурсид:
– Хуш, корҳо чӣ хел?
– Зря ты обо мне рассказала.
– Чӣ вай туро хафа кард?
– Хафа ку не, вале ман аз нигоҳаш фаҳмидам, ки рафтори банда ба вай писанд наомад.
– Подумаешь.
– Я тоже так думаю.
– Набошад ба пеш.
– Ба пеш ба сӯи қуллаи коммунизм, – табассуме намуда гуфт духтар ва ҳарду аз бинои прокуратура берун шуданд.
Аслан ба сӯи қуллаҳои коммунизм сухани дӯстдоштаи Боҳир Қаюм буд, ки маънии рамзӣ ҳам дошт.
Бо ҳама ҷавонии хеш зиндагиномаи духтар авроқи рангине дошт: Дар вохӯрии дуюм ошиқи пир /Боҳир Қаюм дар назар аст/ баъди аз тарабхонаи «Ором» баромаданд нияти маҳбубаи ҷавонашро ба кунҷи хомӯшу танҳое бурдан кард. Духтар чун ширамаст буд эътирозе накард ва онҳо бо таксие ба як гӯшаи шаҳр омаданд. Сипас, аз роҳи калон то ба пеши бинои дувоздаҳошёнае ҳаракат намуданд. Чун вориди бино шуданд, ба ҷойи ба самти лифт ҳаракат намуданд пой бар зинаҳо гузоштанду баромадан гирифтанд. Ба назари духтар чунон намуд, ки он зинаҳо охир надоранд.
– Мо ба куҷо меравем? – пурсид ӯ.

пешина
аз 515
навбатӣ