Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– То ба худи куллаи коммунизм, – гӯён бори аввал дар ҳамон зинаҳои ба қулла мебаромада ӯ аз лабони чун ақиқ сурхи духтар бӯсае, ки гӯё баҳраш чун ҳисса гузошта буданд ситонид…
– Духтар муқобилияте ҳам накард ва баъди лаҳзае ҳарду паси дари фулодини ошёнаи баландтарини бино аз чашми ҳамагон паноҳ бурданд. Ва тайи ин ду моҳ онҳо санҷаи дари он қуллаи бузургро охурҷа карданд.
Ҳарчанд Боҳир Қаюмро имрӯз майли ба он қулла баромадан набуд, вале таклифи маҳбубаашро, ки худаш азми баромадани қулларо дошт рад карда натавонисту таксиеро маън кард.
Таксӣ онҳоро то ба зери ҳамон қуллаи осмонбӯс овард. Лифт обод нашуда буд ва боз ҳарду пой, бар зинаҳо гузоштанд. Духтарро аз ин ҳаросе ҳам набуд, ӯ метавонист то ба болои қулла дартоз барояд. Онҳо ҳарду оҳиста – оҳиста қулларо фатҳ намуданду баъди чанд дақиқае байни он чор девори бетонию дари фулодин монданд. Танҳо бо ҳам… Дур аз чашми аҳли олам, якҷоя бо худу гуноҳҳои хеш…
– Вай ба ман маъқул нашуд.
– Кӣ?
– Муфаттиш.
– Ин чандон муҳим нест.
– Ӯ ба ман тарзе нигоҳ кард, ки…
– Ба дил нагир, вазифаи вай чунин аст.
– О, кори вай чи ки ман туро дӯст доштам.
– О, гуфти, ки вай ягон сухане дар ин бора нагуфт.
– Нагуфт, вале ман ҳамаашро аз нигоҳаш дарёфтам…
– Шояд ба назарат намудааст?
– Не, ҳамааш ҳамон хеле буд, ки ман гуфтам, нигоҳаш ба фикрам қалби ман бишкофт.
– Нигоҳи чун оташ.
– Не, нигоҳи сардаш.
– Дирӯз ман дар бораи вай дигар хел фикр намудам.
– Чӣ хел фикр?
– Медонӣ дар кӯҳистон як навъ ҳезуми ба алаф монанд аст, номаш пӯш?

пешина
аз 515
навбатӣ