Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Аз куҷо донам, ман боре ҳам ба ҷуз ин қуллаи коммунизм пой бар баландии дигар нагузоштам, хайр чӣ буд?
– Ман дирӯз ҳамон муфаттиши мегуфтагиатро ба оташ шабеҳ додам, аниқтараш ба оташи ҳамон ҳезуми алафмонанд.
– Ташбеҳи нодуруст. Нигоҳаш чун ях сард буд, пас чӣ тавр вайро ба оташ шабеҳ додӣ?
– Намедонам, вале ӯ худ дар назари ман чун оташ намуд, мисли алови пӯш…
… 21 …
– Рафиқ сержант, ман ягон чизро муайян карда натавонистам, ба таври низомӣ гузориш дод милитсионери қатори Гулов.
– Чӣ хел муайян карда натавонистӣ?
– Ҳамин хел оддӣ, охир ман наметавонистам, ки ҳамроҳи онҳо дасто ба даст аз зинаҳо боло равам.
– О, пеш аз онҳо мерафтӣ.
– Рафтам ба ошёнаи панҷум, вале майли онҳо ба боло будааст.
– Тебе только за смертью послать.
– Рафиқ сержант!
– Чӣ буд?
– Чӣ лозим моро аз қафои он ду аблаҳ хона ба хона гаштан?
– Ин ҷо милиса аст, на бозор, фармонро бошад иҷро намудан лозим, на муҳокима.
– Шояд ягон кас ба ҳаёти вай таҳдид ҳам накунад?
– Магар ин бад аст?
– Бад ҳаст ё не ман намедонам, вале ба ростӣ ҳамаи ин дунболгириҳо ба ҷонам зад.
– Терпыи казак атаманом будешь.
Сержант тарзе сухан гуфт, ки Гулов муҳри хомӯшӣ ба лаб зад. Онҳо аслан чашм аз баромадгоҳи он бинои дувоздаҳошёна намеканданд. Сержант афсӯс бар он мехӯрд, ки худаш аз қафои объект нарафт, ба қавле танбалӣ кард ва ана натиҷааш. Худо накардаву ҳодисае рух диҳад. Не, онҳо ба ҷуз интизор шудан дигар илоҷе надоштанд. Фақат як чизи дили онҳоро ба таҳлуққа меандохт, ин ҳам бошад надонистани манзиле, ки он ду нафар пинҳон шуда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё