Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Рафту агар ҳамин чиз ба онҳо даст медод, доираи назорати онҳо хурдтар мегашт, акнун…
Чанде пас аз фарорасии шом он ду тан аз бино берун омаданд ва ба таксие нишастанд.
Дунболгирон сараввал таксиро то ба кӯчаи Сулҳ ва сипас ба кӯчаи Карамов гусел намуданд ва ниҳоят дар ҳамон ҷо лангар партофтанд.
Рафиқ сержант!
– Боз чӣ?
– Ҳамин занҳо дар ҳақиқат ақлкутоҳанд.
– Ин танҳо ба назари худат. Исто ки чаро чунин андеша дорӣ?
– Дидӣ ҳамон духтаракро?
– Киро?
– О, ҳамоне, ки имрӯз дар он бинои бисёрошёна ҳамроҳи акамон (Боҳир Қаюм дар назар аст) рафт.
– Хубони ин замона назар сӯи зар кунанд, Бар ошиқе, ки зар набувад кай назар кунанд8?
– Чӣ акамон магар серсиму зар аст?
– Аз куҷо донам.
– Рафиқ сержант!
– Чӣ.
– Шояд ба шеф (Воҳид Камол дар назар аст) телефон мекардӣ.
– Сабаб?
– Мегуфтӣ ба акамон ягон бало таҳдид намекунад.
– Гумон дорӣ шеф ба андозаи ману худат намефаҳмад?
– Охир акаамон ишқварзӣ карда гардаду мо дар ин хунукӣ ларзида шинем.
– Ин вазифаи мост ва ту рафиқ Гулов ҳамин вазифаро ихтиёран интихоб намудаӣ, ё туро касе маҷбуран ба милиса овард?
– Не, ман худам омадам.
– Омада бошӣ тоқат намо, санги вазнинро об набурдааст, мефаҳмӣ?
– Яъне ки то субҳ ҳамин ҷо ларзида мешинем?

пешина
аз 515
навбатӣ