Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Намешинем, балки адои хизмат мекунем, мефаҳмӣ?
– Ман бошам милисаро дигар хел тасаввур мекардам.
– Хуш, милиса дар тасвири худат чӣ хел буд?
– Мардони хушсарулибос, хушкулоҳ, хушмӯза ва рӯзи дароз бекор.
– Шунидани овози дуҳал аз дур хуш аст, – гуфт сержант Шарофуддин Раҳимов, ки сарварии гурӯҳро ба дӯш дошт.
– Ҳоло, ки дер нашудааст ба Абдумаҷидов занг занем чӣ?
Он кас одами мефаҳмидагӣ.
– Не, ба ягон ҷо занг намезанем. Ҳаёту мамоти объект дар зиммаи мост ва мо наметавонем сардии ҳаворо баҳона карда, ҳамаро ба по хезонем.
– Чи илоҷ, шояд ман чизеро ҳам нафаҳмам, вале гумон мекунам онҳое, ки моро аз паси акаамон фиристодаанд, хаттои сахт карданд. Бовар кунед, рафиқ сержант, худи акаамон ягон хавфу хатареро ҳис накардааст, бехабар аз он ки тайи ду шабу як рӯз мардумон дар ҳифзи ҷони эшон ҷон коҳонида гаштанд.
– Мо дар иҷрои вазифаи хешем, барои ин аз давлат маош мегирем, мефаҳмӣ?
– Албатта, чияш нофаҳмо.
– Беҳтар мешуд, ки ҳушу хаёлатро ба кӯча ва атрофи он ва боз ба даромадгоҳи хонаи акаамон равона мекардӣ.
– Тамоми ҳушу ёди ман ба ҳамон тараф. Гап заданам ҳам ба ҳамин хотир аст. Метарсам, ки хобамон набараду хатари ба акаамон таҳдиднамударо нодида гузарем.
– Ана ин гапи дигар, ман бошам гумон намудам, ки …
– Гумонҳои бад чӣ лозим, рафиқ сержант.
Ҳарчанд порае аз шаб мегузашт ҳаракати мардумон, рафтуои автомашинаҳо камтар мешуд. Рафта, рафта сокинони он кӯчае, ки Боҳир Қаюм истиқомат дошт чароғҳояшонро яке паси дигар хомӯш намуданд касеро парвое набуд, ки ду нафаре дар ин шаби зимистон даруни автомашинае аз шидати сармо лаб ба зери дандон гирифта аз даромадгоҳи бино чашм намекананд.
Чароғҳои хонаи Боҳир Қаюм ҳам хомӯш шуданд. Дигар дар кӯча ҷонзоде намонд оромии шаб оромии халиҷро мемонд, оромиеро, ки ба дил даҳшат зер мекард.

пешина
аз 515
навбатӣ