Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Соатҳои дуву бист дақиқаи шаб чароғи хонаи Боҳир Қаюм фурӯзон шуд.
– Рафиқ сержант, рафиқ сержант,– гӯён милитсионери қатори Гулов сержант Раҳимовро, ки сари чамбарак каме ғанабаш бурда буд бедор намуд.
– Чӣ гап? – аз болои чанбарак сар бардошта чашмонашро молиш дода пурсид Раҳимов.
– Чароғи хонаи акаамон фурӯзон шуд.
– Ба хона касе надаромад?
– Не.
– Эй Гулов, Гулов, – гӯён Раҳимов ба тирезаи хонаи Боҳир Қаюм, ки дар ошёнаи чоруми бино ҷойгир буд чашм дӯхт ва дар ҳамин лаҳза:
– Худоё, худаш чӣ гап,– гӯён Раҳимов аз автомашина берун омад.
Ҳарчанд Гулов дар он лаҳза ба самти даромадгоҳи бино чашм дӯхта буду шикастани шишаи тирезаи ошёнаи чорумро надид, вале аз рафтори сержант Раҳимов фаҳмид, ки ҳодисае рух дод, ки бояд рух медод. Ӯ низ аз дари тарафи муқобил берун шуд.
– Тариқи мухобира ба навбатдор хабар деҳ, ман рафтам,– гуён Раҳимов ба тарафи бинои муқобил давид.
– Исто рафиқ сержант, о хонаи акаамон дар ин тараф Раҳимовро ба ҳуш оварданӣ шуд милитсионери қатори Гулов.
– Ба мухобира барою сипас ба ёрии акаат дав, фаҳмидӣ, – аз роҳ бозистода амр кард Раҳимов.
– Фаҳмидам, фаҳмидам.
Раҳимов бори дигар ба самти муқобили биное, ки Боҳир Қаюм зиндагӣ дошт нигарист, вале ягон чизеро ки боиси мушаваши хотираш шуда тавонад надид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ӯ ба хулосае омад, ки ҳар касе ки қасди ҷони Боҳир Қаюм намуда бошад аз ҳамин бино дур нест. Ӯ таппончаашро аз ғилофи оперативӣ берун оварда, онро омодаи кор намуда, дар муҳофиз (передохранител) гузошта, ба тарафи даромадгоҳи бино давид, вале дарвозаи калони оҳанин даромадгоҳи атрофи биноро, ки девори бетонии баланд дошт маҳкам дид. Аниқтараш онро касе симпеч намуда буд, ки ҳатто бе анбур дигар дар рӯзи рушан ҳам кушоданаш ғайриимкон буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё