Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҷойи истиҳола набуд ва Раҳимов таппончаашро аз нав ба бағалкисааш андохта, аз болои дари оҳанин ҷисми хешро ба дохили он майдончае, ки чанд биноро бо девори бетонӣ аз чашми бадбинон ҳифз мекард партофт.
Бар хилофи қоидаҳои маъмул, ки ҳамеша саҳни майдончаҳои чунин биноҳо бо нури барқӣ мунаввар аст, ӯ ҳамаро дар оғӯши торикӣ дид, мисли оне, ки шахс аз дохили чоҳ ба ҷуз осмон дигар ҷойеро дида наметавонад. Сержант Раҳимов айнан худро дар чоҳ дид, ҳама ҷо дар оғӯши зулмот, ба ҷуз осмони пурситора дигар на садое ва на ҷойи тамошое…
Раҳимов аз бағалкисааш дубора таппончаашро берун оварда, қоматашро рост кард. Ҳама ҷо хомӯш буд. Ӯ оҳиста – оҳиста аз паҳлуи девор ҳаракат намуда, ҷисми хешро дар як дав паҳлуи он бинои чорошёнаи аввал гирифт. Сипас ба атроф назар кард. Чашмонаш алакай ба торикӣ одат намуда буданд.
Не, аз он ҷойи маскан гирифтанаш ягон чи дида намешуд.
Маълум, ки мавқеи нодурустеро интихоб намудам,– аз дил гузаронд сержант ва аз ҳамон самти пушти бино ба пеш ҳаракат кард. Не, сараввал хост, ки аз пеши бино ҳаракат намояд, вале ба хотир овард, ки ҷинояткор рафту дар баромадгоҳ маскан гирифта бошад, ӯро ҳадафи тири хеш қарор хоҳад дод. Ӯ аз пушти бино дар як чашмпар худро то ба самти муқобил расонд. То он ҷое, ки аз болои бом бо зинаи сухторхомушкунӣ мефароянд. Лаҳзае таваққуф намуд, ба боло ва атроф нигарист, вале касеро надид.
Ҳама дар хоби ноз буданд ва касеро дар шаби сарди зимистон парвои ӯ ҳам набуд.
Ӯ аз ҳамон мавқеи гирифтааш пештар омад то пеши он биноро ҳам наззора намояд. Боз чашм ба саҳни он ҳавлиҳо дӯхт ва боз ба самти он девори бетоние, ки чун ҳалқа биноҳоро ба оғӯши хеш гирифта буд. Аслан он девори бетонӣ, ки на камтар аз ду метр баландӣ дошт, саҳни ҳавлиро ба қалъаи мустаҳкаме табдил дода буд, ё дар ҳамон лаҳза дар назари Раҳимов чунин намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё