Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Аз он ки ҷинояткор маҳз аз ҳамин самт қасд ба ҷони Боҳир Қаюм намуда буд, ҷойи истиҳола ҳам набуд ва далели аввални ин андешаҳо ҳамон дарвозаи симпечшуда буд.
Ӯ дар ин истеҳкоми бузург истода бошад, ҳушу ёдаш ба тарафи муқобили девори бетонӣ буд. Дар андешаи он буд, ки Гулов дар кадом ҳолат асту ба сари Боҳир Қаюм чӣ ҳодисае омада. Не, дар ин бора ӯ ягон хабаре надошт, ба ҷуз ҳамин андешаҳои хеш.
Дар ҳамин асно дар самти муқобил, ки дар масофаи на камтар аз сад метр буду аз чароғи кӯчаи муқобил нурҳои хира ба он меафтод суроберо дид, ки ба сӯи девори баланд давид.
– Ист мепарронам, – бо овози баланд дод гуфт ӯ ва дар ҳамин лаҳза гурезаро болои девор дид. Не ӯ ҳатто имконияти қулангро зер кардан ҳам наёфт, ки гуреза ҷисми хешро ба самти кӯча партофт.
Раҳимов бо тамоми қувва ба ҳамон самт давид ва ду тахтаеро паҳлуйи ҳам дид, ки гуреза ба ҷойи зина ҳангоми баромадан ба девор истифода бурда буд.
Сержанти милиса тахтаҳоро аз замин бардошт то худ ҳам аз қафои ҷинояткор ё худ гуреза шавад. Дар ҳамин асно ӯ аз самти кӯча овози автомашинаеро шунид. Вақте ки Раҳимов болои девори бетонӣ баромад, автомашина дар охири кӯча ба самти роҳи калон гашт. То охири кӯча бошад на камтар аз панҷсад метр буд. Раҳимов афсӯс бар он хӯрд, ки бо мухобираи дасти муҷҷаҳаз нест, вале ин ҳама мушти баъди ҷанг ба ёди кас меомадаро мемонд.
Онҳое, ки қасди ҷони Боҳир Қаюм намудаанд, таёрии пухта дидаанд, – аз дил гузаронд сержант Раҳимов ва тахтаҳои ба ҷои зина истифодабурдаи гурезаро, ки дар лаҳзаи охир онҳоро шояд бо нуги пояш ба замин тела дод, далели андешарониҳои ӯ шуд.
Дигар дар он маҳал истоданаш маъние надошт. Ӯ ҷисми хешро ба ҳамон кӯчае, ки гуреза лаҳзае пеш бо автомашина аз он ҷо фирор кард партофт ва ба самти муқобили ҳаракати автомашинаи фирорӣ қадам зада, баъди ду - се дақиқа ба ҷойи истеҳкоми аввалаашон, ба он ҷойе, ки автомашинаи Жигули бо мухобара муҷҷаҳаз шуда буд, омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё