Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тариқи мухобара Марказро аз рафти ҳодисаҳо огоҳ намуда, ба ёрии Гулов шитофт.
Дарро ба рӯйи ӯ худи милитсионери қаторӣ кушода, ба сӯяш як чашмак зада табассуме намуд.
Раҳимов дарёфт, ки корҳо на ба он дараҷае баданд, ки ӯ гумон дошт ва сухане ба забон наоварда вориди хона шуд.
Боҳир Қаюмро аллакай ёрии аввалинии тиббӣ расонида буданд. Дасти чапи ӯ аз оринҷ боло докапеч буд. Маълум, ки аввалин ёрии тибиро ба ӯ Гулов ҳамроҳи духтару ҳамсараш расонидаанд.
– Худо ба ӯ як ҷони нав ато кард додар, – баъди шиносоӣ гуфт ҳамсари Боҳир Қаюм.
– Чаро шумо медонистед, ки касе ба ҷони дадом қасд дораду ӯро хабар накардед? – гилаомез гуфт духтари соҳибхона.
– Кӣ гуфт, ки мо медонистем? – пурсид Раҳимов.
Духтарак хомӯш шуд, шояд ӯ нахост, ки он ҷавонеро, ки аввалин шуда, дар ин шаби тор ба ёриашон расида омад ва бо азобе онҳоро бовар кунонид, ки милиса аст ба бало монад, вале нигоҳи меҳрбораш ба сӯи Гулов худ шаҳодати ҳамаи ҳамин гуфтаҳо буд.
– Не, мо ягон чизро намедонистем.
– Шумо аз кай боз аз қафои ман назорат мебаред, – пурсид Боҳир Қаюм.
Чун Гулов хомӯш буд, Раҳимов ба хулосае омад, ки соҳибхона то кунун ин суолро надода будааст, бинобар ин гуфт баъди намози шом аз ҳамон лаҳзае, ки аз такси фаромада ба тарафи хонаатон ҳаракат кардед. Мо ҳамон лаҳза дар тарафи дигари роҳ омадани шуморо интизор будем. Чӣ ҳам мегуфт Раҳимов? Магар ӯ метавонист гӯяд, ки шуморо на танҳо дар ин ҷо, балки дар он бинои осмонбус ҳам назорат доштем. Не, изои муъмин ҳаром гуфтаанд, рафту агар мегуфт Боҳир Қаюмро, ки тир гӯшти оринҷашро сӯзонида гузашта буд, ба изтироб меандохт ва ё шояд ҳамсарашу духтараш мепурсиданд, ки ӯро дар он бинои осмонбӯс чӣ кор аст?
– Фардо ман бояд ба ҷанозаи Мухтор равам,– гуфт Боҳир Қаюм.

пешина
аз 515
навбатӣ