Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Инро аз мо не, аз роҳбарият мепурсидед, рухсат диҳанд меравед.
– Ҳа, албатта.
Занги дар аз нав садо доду Гулов ба он тараф шитобид ва лаҳзае пас ду тан бо хилъати сафед ва Наврӯз Умар вориди ҳуҷраи собиқ мудири идораи суғурта шуданд…

… 22 …

Ҳайати гурӯҳи фаврӣ тафтишоти сари субҳ дар дафтари кории Воҳид Камол гирд омадаанд.
– Ҳодисаи имшаб рухдода бори дигар моро огоҳ месозад, ки нисбат ба тақдири Боҳир Қаюм бепарво набошем. Бояд гуфт, ки ин даъфа ҳам бо амри тасодуф ӯ ҷон ба саломат бурд, – бо чунин сухани ифтитоҳи ба маҷлиси пагоҳирӯзӣ ҳусни оғоз бахшид Воҳид Камол.
– Ҷинояткор аз таги биниашон гурехта рафт, боз шон милиса буданд, – ба тарафи Раҳимов ва Гулов теғу табар кашида нигоҳ намуд Оташак ё худ муовини сардор оид ба корҳои фаврӣ ҷустуҷӯйи Масрури Мӯсо.
– Аввал пурсишу баъд кӯшиш, – эътироз намуд Раҳимов.
– Майлаш шуморо гӯш мекунем рафиқ сержант, – ба тарафи Раҳимов ишора намуд Воҳид Камол.
Раҳимов буду шуди корро аз соати ҳашти субҳи рӯзи гузашта то лаҳзаи содиршавии ҳодиса, ё аниқтараш соати дуву бист дақиқаи ҳамин шаб ба самъи ҳозирин расонида гуфт, ки гурӯҳи дунафара танҳо бо як мухобираи ба автомашина васлшуда муҷҷаҳаз буду халос. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду аъзоёни гурӯҳ аз рафти ҳодисаҳои рухдода ба марказ дар вақташ хабар дода натавонистанд. Ба замми ин чун назорат характери оперативӣ дошт мо натавонистем, ки шахси дар зери ҳимояи хеш бударо аз хатари ба вай таҳдиднамуда огоҳ созем.
Дар масъалаи аз ҷойи ҳодиса ғайб задании ҷинояткор агар ӯ дар ҳақиқат ҳамон ҷинояткори аслӣ бошад Раҳимов сухане ба нафъи хеш нагуфт.
– Дигар кас ҳам ба ҷои шумо мебуд, аз ин беш кореро ба анҷом расонида наметавонист, – ба дифои зердастон бархост сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар, ки худ ба ҷойи ҳодиса рафта буд.

пешина
аз 515
навбатӣ