Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шумо як умр гунаҳкоронро пуштибонӣ мекунед, – луқма партофт Оташак.
– Гуноҳи инҳо ҳамин, ки тамоми шаб нахуфтаю ҳаёти дигареро посбонӣ намуданд, дар ҳоле ки ману шумо дар хона истироҳат доштем, – паст наомада гуфт Наврӯз Умар.
– Аз ҳисоби роҳбарият имшаб шумо будед ва ман наметавонам, ки ҳар шаб милисаро ба иҷора гирам, – шурида рафт Оташак.
– Модоме, ки ман будам пас имконият диҳед, ки суханамро гӯям, – гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ ва ҳозиринро ба рафти ҳодисаҳои шабона шинос намуд.
– Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро Боҳир Қаюм ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳад, – дуюмбора луқма партофт Оташак.
– Шояд ӯ ягон чизро намедонад, магар чунин ҳолатҳо каманд, – муовинашро ором карданӣ шуда посух дод Воҳид Камол.
– Шояд мо ӯро дуруст пурсида натавонистем, – паст намеомад муовини сардор.
– Ҳоло чунин имконият фароҳам расидааст, ба замми ин Боҳир Қаюм дар беморхона дар зери назорати ҳамешагии мост, метавонед рафта бо вай суҳбат намоед, – гуфт сардори ШКД.
– Ҳоло гуфтед, ки ӯ каме осеб бардоштааст, пас чӣ лозим буд ӯро ба беморхона хобондан?
– Аз нигоҳи оперативӣ…
– Гумон доред, ки қотил дуюмбора ба беморхона ҳуҷум мекунад?
– Кӣ медонад?– гуфт Воҳид Камол ва баҳри аз ин муколамаи номатлуб баромадан суханро ба ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдумаҷидов дода пурсид: – Дар бораи он таппончаи аз дохили қубур ёфта, ягон маълумоте ба даст овардед?
– Не рафиқ полковник, – аз ҷой бархоста гуфт Абдумаҷидов.
– Бовари ҳаст, ки муфаттиш онро ба ташхисгоҳ фиристодааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё