Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– То ҷое, ки банда огоҳам ӯ худаш таппончаро ба ташхисгоҳ бурда буд.
– Шумо худатон бо Боҳир Қаюм суҳбат намудед?
– Не, рафиқ полковник.
– Суҳбат ки накарда будед, аз куҷо фаҳмидед, ки ба ӯ хатар таҳдид мекунад, ҳамин хел не рафиқ полковник? – ба тарафи Воҳид Камол ишора намуд Масрури Мӯсо ва суханашро идома дода пурсид: – Ё ба зери назорати оперативӣ гирифтани объект таклифи шумо набуд.
– Дар ин бора ман ҳамаашро дар гузоришам ба таври хатти дарҷ намуда будам ва такрори онро зарур намешуморам.
– Мо ба ягон ҷо шитоб надорем, ё шумо аз мо боварӣ надоред? – боз луқма партофт Оташак.
– Рафиқ Мӯсоев андеша намоед, ки чиҳо гуфта истодаед, аз суолҳои беохири муовинаш шояд ба ҷон омаду боз гулӯ рушан кард сардори ШКД.
– Мисли оне, ки бо путк ба даҳонаш зада бошанд Оташак муҳри хомушӣ бар лаб зад.
– Рафиқон ҳар он чи ки дар ин ҷо гуфта шуд, хоҳиш мекунам аз байни ҳамин чор девор берун наравад. Дар ҳақиқат солиёни зиёдест, ки ман ва умуман аксари мо дар ин ҷо нишастагон дар сафҳои милиса кору фаъолият дорем, вале банда чунинашро дар ёд надорам. Аз он чи ки Мухтор Ҳайдар тасодуфан ҳадафи тир қарор гирифтааст, ҷойи сухан ҳам нест.
Ду шабонарӯз пештар ба ҷои Мухтор Ҳайдар мебоист тир синаи Боҳир Қаюмро мешикофт, вале шояд ба кадом хаттое ҳамааш баръакс шуд. Акнун қотил то ба мақсади аслии хеш нарасад, ба гумон аст ором шавад. Мақсади аслии вай бошад аз байн бардоштани Боҳир Қаюм буд, ҳаст ва мемонад, вале барои кадом гуноҳи Боҳир Қаюм мо намедонем. Дар ин ҷо муҳтарам Мӯсоев рост гуфтанд, ки шояд мо ӯро дуруст пурсида натавонистем. Мумкин ҳамин хел ҳам бошад. Ба ҳар ҳол Боҳир Қаюм гурги борондида аст, вале аз гузориши сержант Раҳимов бармеояд, ки ӯ аз чизе парво накарда, ҳатто дирӯз ҳамроҳи он донишҷӯдухтар ба самти дигари шаҳр рафтааст.
Ҳеҷ боварам намеояд, ки ба кас марг таҳдид намояду ӯ чунин беандеша бошад. Аз ҳамин ҳисоб метавон хулоса баровард, ки Боҳир Қаюм ё девона аст ё худ ягон гуноҳашро ки сабаби ба бод рафтани сараш шуда бошад, намедонад.

пешина
аз 515
навбатӣ