Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Наврўз Умарович, рафиқ Абдумаҷидов хоҳиш мекунам, ки ҳамроҳи муфаттиши прокуратура худи ҳамин рӯз бо Боҳир Қаюм суҳбат намоед, гузаштаву ҳозираи ӯро бо майдатарин ҷузъиёташ пеши назараш биёред, шояд ягон нуги гиреҳе боз шавад.
Рафиқ Маҳмадов шумо назоратро дар беморхона ҷонноктар намоед, дар ин бора баъдтар боз суҳбат мекунем. Камбудиҳое, ки сержант Раҳимов гуфтанд, ислоҳ мехоҳанд, фаҳмидед!
– Фаҳмидам, – аз ҷой бархоста гуфт командири ротаи патрули пайроҳадорӣ майори милиса Амриалӣ Маҳмадов, ки дар зоҳир шабеҳи Сталинро дошт.
Пас аз рафтани аъзоёни гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ Воҳид Камол тамоку даргиронид ва дар зери фаввораи дуд ҳодисае, ки лаҳзае пеш онҳо дар якҷоягӣ муҳокама намуда буданд, дуюмбора дар тарозуи зеҳни хеш гузошт.
Соати дуву бист телефони хонаи Боҳир Қаюм занг задаст.
Телефон дар ошхона будааст. Ошхонаро бошад Боҳир Қаюм чун аксари тоҷикони навин бо шакли наву замонавӣ оро додаст, яъне, ки дар ва тирезаашро канда онро бо балкон якҷоя намудааст. Газро бошад аз ошхона ба балкон баровардааст.
Ошхонаро бо мебели ҳозиразамон муҷҷаҳаз намудааст. Ҳарчанд ҷойи телефон пушти дари даромадгоҳ аст, Боҳир Қаюм ин тарафи масъаларо низ ба таври хеш ҳал намудааст ва телефонро аз пушти дар ба ошхона бурдааст. Эҳтимол дар ин ҷода мақоли халқии девор мӯш дорад мӯш гӯшро ба ёд оварда бошад.
Соати дуву бист дақиқа телефон занг задаст ва Боҳир Қаюм худаш пешдасти карда аз ҷой бархестааст, чароғи ошхонаро фурӯзон намуда, телефонро бардоштааст… Алло гуфта нияти ба курсӣ нишастан намудааст ва дар ҳамин лаҳза…
Рафту ӯ агар нияти ба курсӣ нишастан намекард, тир аз пушт дилашро мешикофт. Бубин, каме ҳаракат ӯро дуюмбора аз марг наҷот дод.
Дар ҳоле, ки ӯ гӯшаки телефонро бардошта алло, алло мегуфтааст, пушт ба тарафи тиреза будааст ва тирандоз суроби ӯро аз паси пардаи ҳарири сафед ба нишон гирифта, қулангро зер кардааст.

пешина
аз 515
навбатӣ