Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маълум ки қотил назоратро аз қафои Боҳир Қаюм пай бурдааст, вагарна чӣ лозим буд, он дарвозаи оҳанинро симпеч намуданд. Дар ин ҷода зердастони Маҳмадов ба хатои ҷиддие роҳ додаанд, вале бенатиҷа анҷом ёфтани амалёти қотилро ба ҳисоб гирифта онҳоро аз ҷазои интизомӣ раҳҳо мекунем. Ин хатоҳо барои онҳо як умр дарс мешаванд, дарсе ки аз зиндагӣ гирифта шудааст.
Эҳтимол Мӯсоев ҳамин тарафи масъаларо ба ёд оварда Раҳимов ва Гуловро дар фирори қотил гунаҳкор карданӣ шуд, бехабар аз он ки кори хона ба бозор рост намеояд. Гунаҳкор кардани Раҳимов ва Гулов аслан аз рӯйи адолат нест ва ин гуноҳи онҳо ҳам нест, ки амалёт бе барор анҷом ёфт. Ин гуноҳи худи мост, ки зердастонро дуруст огоҳ накардем, ки ҳеҷ гоҳ душманро пашша нашуморанд. Маълум, ки қотил дар нисбати мо донотару ҳушёртар будааст. Шояд соате пас аз куҷо ва аз кадом телефон ба хонаи Боҳир Қаюм занг заданро муайян мекунанд, вале ба гумон аст, ки аз рӯи он телефон ҳам шахсияти қотилро муайян намоянд. Дар ҳоле, ки ӯ назоратро аз қафои сайдаш пай бурдааст, магар метавонад, ки ҳамин тарафи масъаларо ба инобат нагирад. Хайр, сабр намоем, кани бубинем, ин тарафи масъала чӣ медиҳад?
Воҳид Камол боз суханони муовинаш: – «Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро Боҳир Қаюм ба тафтишот ёрӣ додан намехоҳад» ва посухи худаш: – «шояд ӯ ягон чизро намедонад» – ро ба ёд овард.
Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки «хар рафт Маккаю Мадина, вале чун баргашт боз ҳамон ду гӯши дарозаш». Рафту Боҳир Қаюм ҳам баъди бозгашт аз дорулахлоқ бо ҳамон пайроҳаи пештарааш қадам гузошта истода бошад чӣ? Аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шогирдон бармеояд, ки ӯ ба гузашта салавот гуфтаву ба тиҷорат машғул гардида. Муайян карда шудааст, ки аз ҳисоби материалҳои сохтмонии аз хориҷи кишвар овардааш чандин биноҳо қомат афрохтаю ба ҳусни шаҳр зебу зиннати нав додаанд. Вай ҳамчун соҳибкор боре ҳам аз супоридани андоз ба буҷаи давлат саркашӣ накардааст. Пас ӯро чӣ гуноҳест, ки тайи ду рӯзи охир ду бор ба ҷонаш қасд намуданд?

пешина
аз 515
навбатӣ