Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд барои ҳамон духтарак бошад?
Ба гумон аст то кунун касе маҷбуран сагро ба шикор набурдааст ва чӣ лозим ҳаёти худро ба зери хатар гузоштаву ба хуни дигаре зомин шудан барои ким кадом як духтар Воҳид Камол охирин маротиба дуди тамокуро фурӯ бурда, аз ҷой бархеста ба назди тиреза рафт ва чашмаки онро кушод.
Боди серуне вориди дафтари кориаш шуд…

… 23 …

Муфаттиши прокуратура аз ҳодисаи ба сари Боҳир Қаюм омада, сари субҳ ҳангоми ба кор омаданаш хабардор шуд.
Аслан дар ин бора ҳамон лаҳза сарнозири қонун хабардор карда шуд, вале рафти ҳодисаҳоро ба инобат гирифта, муфаттишро огоҳ накарданд. Ҳамин ҳолат боиси малоли хотираш шуд, ки чаро Абдумаҷидов ақалан ӯро огоҳ накардааст ва чун фаҳмид, ки Абдумаҷидов ҳам худаш ҳангоми ба кор омадан аз ҳодиса огоҳ гаштааст, дилаш каме ором шуд.
– О, ин чи хел мешавад, аз рафти ҳодисаҳо маро бехабар монондед, – баробари дидани Абдумаҷидов рози дилашро кушод муфаттиш.
– Чунин ҳодисаҳо пайваста рух медиҳанд ва агар зарурияте пеш наояд худи гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ корро ҳал мекунад, ё мехоҳед, ки ҳар шаб шуморо ба табли «Бонги хатар» даъват намоянд.
– Не, албатта.
– Пас чӣ ҷойи хафа шудан? Фарз намудем ман ҳам сари субҳ, вақте ки ба милиса омадам аз ҳодисаи мазкур хабардор шудам. Ба ростӣ ҳатто хурсанд шудам, ки шабона «бонги хатар» назаданд.
– Наход? – каме ҳам бошад ба худ омада пурсид муфаттиш.
– Метавонед худи ҳамин лаҳза ба навбатдор занг зада пурсед.
– Не, ман ба шумо бовар мекунам. Шояд як чой монам?
– Ташаккур! Ман алакай.субҳона намудам.
– Дар милиса?

пешина
аз 515
навбатӣ