Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, дар хона.
– Вале ман то ҳанӯз ношто кардагӣ нестам. Ба ростӣ хоб ғалаба карду дер хестам ва нахостам, ки аз рӯи чой шуда ба кор дер монам.
– Саломатиатро ҳифз намудан лозим саломатӣ меваи ноёб аст бо як табассуми ба худ хосе матлаби хешро ба гӯши шунавандааш расонид Абдумаҷидов.
– Модоме, ки шумо чой намехоҳед ман ҳам он қадар гурусна не. Мо метавонем ҳамин лаҳза аз пайи кор шавем.
– Рафтем, вале сараввал ҳардуямон қаҳвахонаи рӯ ба рӯи идораатонро зиёрат мекунем.
Зиёрати қаҳвахона ҳам онҳоро шод накард. Шояд ошпаз ин субҳ бо дасти чапаш аз хоб хеста буд, ки кораш омад накардаву хуроке напухта ва ҳамаи инро аз набудани барқ шарҳ дод.
Вақтҳои охир дар шаҳр аҳён - аҳён барқ хомӯш мешуд ва мутассадиёни соҳа ҳамаи инро аз сард омадани зимистону камобӣ об арзёбӣ мекарданд, мардум бошанд бар дигар ақида буданд…
Дар беморхона режими сахте ҷорӣ будааст ва дар тирезаҳои шафофӣ даромадгоҳи бино варақаҳои «Аз грипп эҳтиёт шавед», «Карантин» овехта шуда буд. Муфаттиши прокуратура шаҳодатномаи хизматиашро ба холаи дарбон нишон дода, оҳиста ба гӯши ӯ чизе гуфт ва баъди шунидани суханони холаи дарбон ҳамроҳи Абдумаҷидов ба ошёнаи сеюми бино баромад.
Дар пеши дари даромадгоҳи тарафи чапи бино низ айнан огоҳномаҳои Вазорати тандурустӣ дар бораи карантин ва аз грипп эҳтиёт шудан овехта шуда буд ва сарбори ба ин нафаре дар либоси низомӣ, ки рутбаи сержанти хурд дошт пеши дар рост меистод.
Чун Абдумаҷидов ба самти чап, ба он ҷойе, ки дар зери тасарруфи ҳомии низомӣ қарор дошт тоб хӯрд, сержанти хурд соқҳои музаашро ба ҳам зада рост шуд.
– Озод, – гуфт Абдумаҷидов ва ба гирду атроф назар намуд. Чун касе дар он самти ошёна набуд, ӯ ба посбон баъзе дастурҳо дода, сипас аз қафои муфаттиш, ки алакай нисфи роҳи даҳлезро тай намуда буд ҳаракат кард.
Нафари дигаре дар пеши дари палатаи ҳафтум болои курсӣ менишаст, вале Абдумаҷидов ҳамроҳи муфаттиш то омадани ҳамшираи шафқат, ки ҳамон лаҳзаҳо дар кунҷи дигари даҳлези дароз буд, сабр намуданд ва танҳо баъди шиносоӣ ва рухсати расмии мудири шуъба пой бар остонаи ҳуҷраи бемор Боҳир Қаюм гузоштанд.

пешина
аз 515
навбатӣ