Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, ин шумоед? – муфаттишро ҳамроҳи шахси дигари чун худаш ғайринизомие дида, болои кат нимхез шуда гуфт Боҳир Қаюм.
– Бале ман, – гуфт муфаттиш ва ин кас ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов.
– Шодам аз омаданатон.
– Мо ҳам аз дидори шумо шодем, – гуфт муфаттиш, вале ҳеҷ фаҳмида натавонистем, кадом кана ба шумо чунин «меҳр»
бастааст.
– Ба ростӣ худам ҳам намедонам, ба ман бовар намоед.
Наход кас қасди рӯиростро ба ҷонаш бинаду хомӯш истад? Ҳа, дарвоқеъ чаро рост истодаед, марҳамат гузашта шинед.
– Ташаккур, – гӯён Фурӯғи Шариф ба курсие нишаст. Абдумаҷидов бошад ба тарафи тиреза ҳаракат намуда, ба берун нигарист. Дар берун дар як кунҷи дигари бино марде паҳлӯи автомашинае рост меистод. Абдумаҷидов ӯро шинохт. Ӯ ҳам корманди милиса буд, аз ротаи Маҳмадов. Аз эҳтимол дур набуд, ки ӯ ҳамин самти биноро муҳофизат мекунад. Палатаи Боҳир Қаюм дар самте ҷойгир буд, ки дар муқобилаш ягон бинои баландошёна набуд. Абдумаҷидов чун боварӣ ҳосил кард, ки ба Боҳир Қаюм аз ҳамин самти тиреза ягон хатаре таҳдид намекунад, пас гашта ба курсие паҳлӯи муфаттиши прокуратура рӯ ба рӯйи Боҳир Қаюм нишаст.
– Аз он чи ки шумо ягон хатареро то имшаб аз қафои хеш ҳис накардаед, мо бовар мекунем, вале худи факту рақамҳо гувоҳанд, ки кадоме сахт қасди ҷонатон дорад. Ҳодисаи имшаба худ далели ҳамин ҳолат аст, ё гапам нодуруст? – риштаи суханро ба даст гирифта пурсид Абдумаҷидов.
– Бале, гапатон дуруст.
– Модоме чунин аст шумо бояд ба ёд биёред, ки дар зиндагӣ зараратон ба кӣ расидааст ва кӣ марги шуморо хоҳон аст?

пешина
аз 515
навбатӣ