Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Албатта, боварии куллӣ дорам, ки шумо тайи ду рӯзи охир сабабҳои марги Мухторро ҷустуҷӯ намуда, дафтари аъмоли бандаро низ варақгардон намудаед, аммо на дар паси панҷара ва на баъди аз дорулахлоқ омадани банда боре ҳам ба касе хиёнат накардаам ва ё сади роҳи касе ҳам нагаштаам.
– Ба гузашта салавот гӯед. Мо ба ин ҷо коҳи кӯҳнаро бод кардан наомадаем, ҳар он чӣ ки ба рӯзгор ва зиндагии имрӯзаи шумо дахл дорад, таърихи на бештар аз як ё думоҳа дорад. Ҳар кӣ қасд ба ҷони шумо намуда бошад, аз ин гузаштаи дуртареро ба ёд оварданатон лозим намешавад.
– Таърихи як ё думоҳа гуфтед?
– Бале.
– Намедонам, чӣ тавр инро ба шумо фаҳмонам.
– Шумо кӯшиш намоед, мо худамон мефаҳмем.
– Ба ростӣ баъди аз дорулахлоқ баргаштан, аз чӣ бошад, ки як сардиеро дар рӯзгори оилавӣ ҳис намудам. Не, дар ин бора ман ҳамсарамро ҳам гунаҳкор карданӣ нестам. Ин ба ивази ҳамаи он некиҳое, ки ҳамсарам тайи муддати дар маҳбас буданам ду фарзандамро бо чӣ азобе калон карда ба воя расонид.
– Баъд чӣ шуд?
– Тахминан ду моҳ пештар ман як бегоҳ аз пеши донишгоҳи миллӣ то ба кӯчаи Сулҳ духтараки донишҷӯеро ба автомашинаам шинонда овардам. Аслан агар самти ҳаракати ӯ ба дигар тараф мебуд, ман асло вайро ба автомашина ҳам савор намекунам, вале…
– Чун самти ҳаракати он донишҷӯдухтар ба самти ҳаракати шумо рост омад ӯро ба автомашина шинондед, ҳамин тавр?
– Ҳа, бале.
– Давом диҳед.
– Гуфтам– ку баъди аз маҳбас баромадан дар дили ман як сардие нисбат ба ҳамсарам ҷой дошт ва чун тӯҳфаи осмонӣ боз он паричеҳра паҳлӯям нишаст. Ба ростӣ ман ба ӯ ҳамин хел чанд гап партофтам ва гуфтам, ки агар хонум розӣ бошад фардо дар кадом вақту соате, ки барояш мувофиқ бошад ман ӯро интизор мешавам…
– Ва он духтарак розӣ шуд ҳамин хел?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё