Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ҳамин хел ва аз он вохӯрӣ банда ниҳоят ҳам шодам, ҳарчанд боре дар тарабхонаи «Вахш» як ҳамсабақаш моро якҷоя дида хело кинои бепул нишон дод.
– Ӯро чӣ ному насабест?
– Духтарро?
– Не, ҳамон ҳамсабақи рашкинашро?
– Номаш, ба фикрам Нозим, насабашро намедонам.
– Инаш чандон муҳим ҳам нест, рафту лозим шуда монад мо худамон бе ягон душворӣ ӯро меёбем.
– Ӯ гуноҳе надорад, рафту ман ҳам ба ҷойи ӯ мебудам, аз вай бадтар мекардам. Хоҳиш мекунам вайро ба ҳоли худаш гузоред. Ба замми ин ман маҳбубаи вайро қасдан кашида нагирифтаам. Шумо ҳамин ҳолатро бояд ба назар гиред.
– Мо ягон чиз ваъда намедиҳем.
– Чаро?
– Чунки мо қотилро ҷустуҷӯ дорем, мефаҳмед.
– Ман бовар намекунам, ки Нозим ба чунин амал даст занад.
– Боз чӣ ҳодисаҳое дар ин муддат рух дод?
– Моҳе пештар ман ба Новокузнетский рафтам ва аз он ҷо ду вагон чуб ва як вагон метал (арматура) ба Тоҷикистон фиристодам. Ду ҳафта дар он ҷо будам.
– Дар он ҷо ягон ҳодисае рух надод?
– Чиро дар назар доред?
– Бо ягон кас ҷангу ҷанҷол накардед? Сади роҳи ягон нафар ҳангоми гирифтани масолеҳи сохтмонӣ нашудед ва ё ягон касро, бахшиш барои чунин суол, фиреб надодаед?
– Не. Бовар намоед, не.
– Шояд шумо ягон ҳодисаеро дидаеду оромии нафареро ё нафаронеро халалдор сохтаед?
– Чӣ хел ҳодиса?
– Фарз намудем ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва амсоли ин.
– Не, бовар кунед, не.
– Сари ҳамин масъала дурустар андеша намоед, охир бе асос ягон кас қасди ҷони дигаре нахоҳад кард.
– Ҳеҷ чиз ба ёд оварда наметавонам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё