Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Бехатарии шумо ба худи шумо вобаста аст ва ҳар қадар тезтар ба ёд биёред, ки кадом ҳаракатҳоятон боиси раҷиши ашхосе гаштааст, ҳамон қадар ба тафтишот ёрӣ медиҳед ва худро аз ҳодисаҳои минбаъда рухмедода эмин менамоед.
– Гумон доред, ки ҳоло ҳам ба ман таҳдид мекунанд?
– То мо онҳоеро, ки қасди ҷони шумо намудаанд, дастгир накунем, ҳаёти шумо дар хатар аст.
– Барои ҳамин маро ба ин ҷо овардед?
– Ба ин ҷо шуморо баҳри табобат овардаанд.
– Тир каме гӯшти оринҷи чапамро сӯзонда гузаштааст ва хело муташаккир мебудам аз шумо агар бандаро ҳарчи тезтар аз ин зиндон раҳо мекардед. Охир имрӯз ман дар ҷанозаи Мухтор бояд иштирок мекардам, падару модари пираш чӣ мегӯянд, агар ман наравам.
– Мухтор дигар ба ёрие эҳтиёҷ надорад, илоҳо ҷояшро ҷаннат гардонаду манзили охираташро обод.
– Омин! – гуфт Боҳир Қаюм ва ҳамагон беихтиёр даст ба рӯй кашиданд.
– Мо ҳуқуқ надорем, ки ҷони шуморо дигарбора ба хатар гузорем, – бори аввал риштаи суханро ба даст гирифт муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф .
– Ман забонхат медиҳам, чунки медонам, ки ба касе зарар ҳам нарасонидаам ва шояд ин ҳама «ҷаҳду талоши» рақибонам бе асос бошанд.
– Сухани мо қатъист ва шумо аз байни ин чор девор танҳо баъди дастгиркунии душманонатон мебароед.
– Рафту онҳоро дастгир карда натавонед– чӣ? – норорозиёна сар ҷунбонида гуфт бемор.
– Бо ёрии шумо мо онҳоро дастгир мекунем, акнун дар амони Худо бошед, рафту ягон ҳолати майдатаринро ки боиси малоли хотири рақибонатон гашта бошад, ба ёд овардед, ба воситаи милитсионери дар пеши дари ҳуҷраатон буда моро ҷеғ занед, – хоҳиш кард Абдумаҷидов.
– Шояд телефони мобилии маро бармегардонидед?
– Не, ин имкон надорад. Мо намегузорем, ки дуюмбора шумо аз рӯи телефон ба бало гирифтор шавед, танҳо ба воситаи милитсионери дар пеши дар буда. Бузбозӣ бас.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё