Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Фаҳмо, агар дар кадом ҳолате ҳам набошад шаб рӯз…
– Фарқ надорад,– гӯён Фурӯғи Шариф аз ҷой бархест.
Абдумаҷидов ҳам аз ҷой бархеста, ба бемор даст дода хайрухуш намуд.
– Шумо ҳам дар амони Худо монед,– шуниданд ҳарду овози беморро.
… 24 …

– Гуфтӣ, ки дирӯз дар прокуратура будӣ?
– Ҳа, бибиҷон.
– Кӣ туро ба онҳо фурӯхтааст?
– Намедонам.
– Намедонӣ ё гуфтан намехоҳӣ?
– Ман ба он ҷо ба ҳимояи Боҳир рафтам.
– Чӣ ӯро ҳабс намуданд?
– Ин гумонҳои бад чӣ хел ба саратон меояд?
– Вай агар мард мешуд, ҳаргиз номи туро ба забон намеовард, мефаҳмӣ?
– Не, фаҳмидан ҳам намехоҳам.
– Метарсам, ки рӯзе ӯ туро аз қафояш кашида набарад.
– Ба куҷо?
– Ба маҳбас.
– Ман бошам гумон кардам ба ЗАГС мегӯӣ.
– Ӯро зану фарзандонаш ҳаст.
– Хайр чӣ? Вай маро дӯст медорад ва ана он аввалин нишонаи муҳаббаташ, – гӯён Субҳия дасташро ба тарафи бибӣ наздиктар бурд то як бори дигар он туҳфаи ошиқашро нишон диҳад.
Ҷилои нигини он ангушттарини зебо бо рушноии чароғи барқӣ бархӯрду ҳатто чашмони хираи пиразанро дурахшон кард, мисли оне, ки кас ба тарафи шахси кафшеркунанда бе оинаи махсус нигоҳ карда наметавонад. Зӯҳро Шафиевна ҳам нигоҳи хешро ба самти дигар равона сохт то лаҳзае на он ҷилоро бубинаду на рӯи он набераи бешармро, ҳарчанд замоне худи ӯ аз набера мегузаронд.
– Бибиҷон, рафту агар Боҳир маро бурданӣ шавад, он роҳ танҳо то хонаи ақди никоҳ аст.

пешина
аз 515
навбатӣ