Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Кош ки ту гесубуридаро бо обрӯи Муҳаммад гусел мекардам, ба тарафи набера нигариста оҳ кашида гуфт пиразан.
– Ҳамааш ҳамин хел мешавад бибиҷон, – гӯён набера ба хонаи шафт баҳри иваз намудани либосҳояш рафт.
– Бачағар, арӯс шудааст, – аз қафои набера нигариста зери лаб ғунгос зад пиразан.
Дигар чи ҳам мегуфт ӯ. Охир дар ин дунё ба ҷуз Субҳия ӯ дигар кӣ дошт? Қариб ки ҳеҷ кас. Замоне чун сари давлат буд, ҳама ӯро хешу табор буданд, ҳатто хешовандони дураш ҳам чун замбури асал дар гирдаш парвона буданд, кӣ медонист рӯзе мешаваду он ҳама думликонҳо вайро ба гӯшаи фаромушӣ медиҳанд. Дигар дигар асту ҷигар ҷигар ва набера бо ҳама эркатулфориаш ҷигари ӯ буд.
Ҳеҷ кас то кунун гӯштро аз нохун ҷудо накардааст ва Субҳия як нишоне аз ҷигарбандаш Сулҳия буд. Ӯ танҳо хушбахтии набераро мехост, вале чи кунад, ки Субҳия алакай шарму ҳаёро пеши по зада буд ва ҷиҳози хеш (ба маънои шарму ҳаё омадааст) аз даст дода буд.
– Худо аз ин бад накунад, – гӯён кампир аз ҷой бархеста, ба тарафи ошхона рафт. Субҳия ҳам тағйири либос карда омад.
Аслан дар чашми бибӣ ӯ як нигори нозанине буд, ки ба қавли худи пиразан ба хироҷи мамлакат меарзидагӣ.
Дар замоне, ки пиразан сари андешаҳои дилангези хеш ғутта мезад, Субҳия сари оташдон дасту остин барзада, барои шом хӯрок мепухт. Субҳия имрӯз чанд маротиба ба Боҳир занг зад, вале ба ҷуз як ҷавоб: телефони муштарӣ хомӯш карда шудааст, дигар садое нашунид. Чун мавсими сесияи зимистона оғоз шуда буду дирӯз то бегоҳ ҳамроҳи соҳиби ангуштарин дар қуллаи коммунизм буд, дигар суроғи Боҳир накард. Хайр, ман суроғ накардам ӯ чи бало дошт, ки занг назад, аз дил гузаронд духтар ва алови газро пастар намуд.
– Чаро телефонашро хомӯш карда бошад аз дил гузаронд Субҳия ва ҳамоно ҷавоби суоли хеш дарёфт: – «О дирӯз бегоҳӣ вақти бозгашт аз қуллаи коммунизм Боҳир гуфта буд, ки фардо, яъне имрӯз ба деҳа, ба ҷанозаи Мухтор Ҳайдар меравад…»
Маълум, ки ӯ имрӯз дар ҷаноза будааст, вагарна бо зангзаниҳои хеш гӯши фалак медарид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё