Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар бораи ман ягон чиз нагуфтӣ? – овоз рушан кард кампир.
– Не, маро кӣ гумон кардӣ?
– Рафту агар ҳамон нишонагир қулангро зер мекард, дигар бибиатро намедидӣ.
– Ин хел нагӯед бибиҷон, ман бе худат чӣ кор мекардам?
– Эй Субҳия, Субҳия илоҳо сару ҷони туро санг гардонаду бибиат дар тӯи арӯсиат иштирок намояд, дигар ормоне маро дар дил намемонад.
– Ҳамааш мешавад, бибиҷон.
– Иншоолоҳ, иншоолоҳ, гӯй бачам.
– Иншоолоҳ, – гуфт Субҳия ва боз хомӯш шуд. Ӯ борҳо аз забони ҳамсоязанҳо шунида буд, ки мегуфтанд:
– Зӯҳро Шафиевна нав мусалмон шудааст.
Хост дар ин бора аз забони бибӣ ҳақиқати ҳолро шунавад, вале ҳамоно аз райъаш гашт. Тайи ду– се шаби охир бори аввал пиразан бо наберааш чунин муомилаи хуш намуд ва Субҳия нахост дили бибиашро барои гапҳои занҳои шаттоҳ хиҷил созад. Ӯ дастурхон густурд ва таом овард.
– Дар прокуратура ҳеҷ нагуфтанд, ки чаро қасд ба ҷони ронанда, номаш чӣ буд?
– Акои Мухтор.
– Ҳа, акои Мухторат намуданд?
– Не, дар ин бора ҳарфе ба забон наоварданд.
– Муфаттиш кӣ будааст?
– Фурӯғи Шариф , шояд шиносӣ, – хандида пурсид Субҳия, ки аз чунин ранг гирифтани суҳбат хурсанд буд. Ӯ акнун боварии куллӣ дошт, ки бибиаш ба муқобили номзади ёфтааш (ҳарчанд ӯ оиладор ҳам бошад) муқобилият нахоҳад кард ва ҳамаи инро сабаб ҳамин ангушттарини алмосдор шуд. Қадри зар заргар бидонад ва бибиҷонаш дар ин ҷода таҷрибаи хуби зиндагӣ дорад.
– Не, намешиносам.
– Албатта, намешиносӣ, охир ӯ қариб, ки ҳамсину соли ман аст.
– Ух ты, луқмаи даҳонашро фурӯ бурда, бо як ҳаяҷони ба худ хосе овоз рушан кард бибӣ ва баъд боз чанд бор сулфид то он даме сулфид, ки пиёлаи чойро аз дасти набера гирифта чанд қулт фурӯ бурд.

пешина
аз 515
навбатӣ