Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ош шавад, ош шавад бибиҷон, – мегуфт Субҳия.
– Қариб луқма дар гулӯям дармонда буд, хайрият, ки ҳамин пиёлаи чойро ба дастам додӣ, – бо нуги рӯймолаш ашки чашмонашро пок карда истода гуфт пиразан.
– Ош шавад бибҷон, ош шавад.
– Ташакур бачаҷон, илоҳо садсола шавӣ, ба муроду мақсадат бирасӣ.
– Омин! – гуфт зери лаб Субҳия ва бо овози шунаво гуфт, ки ҳамон муфаттиш ба ман маъқул нашуд.
– Чаро?
– Надонам, – китф ба ҳам кашида гуфт набера.
– Ҳамсину соли худату ба худат маъқул нашуд, ин аҷиб.
– Чӣ хел аҷиб?.
– Аксари ҳамсолон новобаста аз касбу корашон бо ҳам тезтар забон як мекунанд, ин ҷо бошад баръакс шудааст.
– Охир вай муфаттиш барои ҳамин ҳам ҳавобаланд.
– Аҷаб нест, ки алоқаи туро бо он марди оиладор фаҳмида нафраташ наомада бошад? – аз дил гузаронд Зӯҳро Шафиевна ва бо овози шунаво гуфт:
– Ҳар кор шуданаш мумкин.
Кампир оятеро аз каломи раббонӣ хонда, баҳри хонадон файзу баракат ва баҳри набера умри дарозу зиндагии хуш орзу намуда, омин гуфта даст ба рӯй кашид. Субҳия ҳам аз бибӣ пайравӣ намуда, омин гуфту дастархонро ғундошт.
– Дарс тайёр намекунӣ? – пурсид кампир ки ду– се шаб боз дарстайёркунии набераро надида буд.
– Косаю табақро шуста ҷо ба ҷо намоям, пас аз пайи дарстайёркунӣ мешавам, – бо як рӯҳи болидае гуфт набера.
– Хондан хуб аст бачам, доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Илич Ленин беҳуда таъқид накарда буд, ки: –«хонед, хонед, боз ҳам хонед» гӯён кампир баҳри гузоштани намози хуфтан ба хонаи дигар гузашт.
– Ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори мӯйи Зӯҳро Шафиевна коммунист аст, – ба ёд овард суханони ҳамсоя амаки Неъматро Субҳия ва акнун ба ин суханон боз ҳам боварии ӯ қавитар гашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё