Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Бубин пеш аз намози хуфтан ҳам номи Ленинро ба ёд оварда тарзе сухан гуфт, ки гӯё Ленин падараш будааст.
… 25 …
– Не, ӯ ягон чизро намедонад,– аз зинаҳои ошёнаи сеюми бинои беморхонаи шаҳрӣ фаромада истода гуфт Абдумаҷидов.
– Медонад, лекин гуфтан намехоҳад, – лаҳзае ист карда ба тарафи мусоҳиби аз қафо омада истодааш нигариста гуфт Фурӯғи Шариф .
– Сабаб?
– Пеш аз ҳама тарс, тарси худ не, тарси ҷони наздикону пайвандон.
– Ин ҳанӯз роҳи халосӣ нест, онҳое ки ба ин кор даст задаанд, чун бифаҳманд, ки наздикону пайвандонаш низ аз сирри ниҳони вай хабардор шудаанд, аз ягон чиз рӯй намегардонанд.
– Шояд андешаи шумо дуруст бошад, вале ман ҳеҷ нафаҳмидам ин чи сиррест, ки ӯ сари хеш ба гарав мемондааст,
– гӯён муфаттиш боз ба поён ҳаракат кард.
Ҳаво ниҳоят сард буд ва офтоб дар паси абрҳо пинҳон шуда, ба машом бӯйи барф меомад. Шояд, алакай, чандин фарсахҳо дуртар барф ба замин расида буд, аммо дар он маҳале, ки Абдумаҷидов ва муфаттиши прокуратура қарор доштанд, то кунун он муъҷизаи сафеди табиат ба замин нарасида буд.
– Зимистони имсола ниҳоят сахт омад, тугмаҳои палтояшро маҳкам карда истода, – гуфт муфаттиш.
– Зимистон аслан бо барфҳояш зебост, мисли оне, ки ҳусни баҳор гулҳоянд.
– Ёфтед қиёс намудаатонро, о сардии ҳаворо бубинед.
– Мардумон дар Қутби яхбастаи Шимолӣ ва Антрактида зиндагию кор мекунанд.
– Намедонам чӣ хел онҳо кору зиндгӣ мекунанд, вале ман мехоҳам, ки ҳарчи тезтар то ба идора равам.
– Алакай нисфи рӯзро бо меъдаи холӣ пушти сар намудед, ё мехоҳед нисфи дигарашро ҳам…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё