Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Мардумон рӯза медоранд ва чӣ ҷойи афсӯсу надомат, ки мо як рӯз тановул накардем. Бе шӯхӣ маро рафтанам зарур, ним соат пас дар ҳузури шеф шуданам лозим.
– Зорӣ дорему зӯрӣ не, андеша намоед?
– Ташаккур, ягон вақти дигар, – гӯён Фурӯғи Шариф ба тарафи роҳи калон ҳаракат карда таксиеро боздошт. Абдумаҷидов бошад ба самти муқобили роҳ гузашта, ба тарафи ошхонаи рӯ ба рӯяш ҳаракат кард.
– Хуш чӣ мефармоянд? – наздаш ҳозир шуда гуфт пешхизматдухтар.
– Шурбо.
– Тамом?
– Боз лулакабоб.
– Шароб чӣ?
– Лозим нест. Чойи кабуд меовардед хуб буд.
– Худи ҳозир, – гӯён пешхизмат аз пайи иҷрои супориши мизоҷ рафт.
Абдумаҷидов афсӯс бар он хӯрд, ки муфаттиш ҳамроҳаш наомад, бигузор шеф интизор шавад, магар бе тановул рӯзи дароз истодан шарт аст?..
То омадани табар кунда меосояд гуфтагӣ барин Абдумаҷидов ҳам то омадани пешхизмат ба таҳлили рафти ҳодисаҳо пардохт. Ҳодисаи ба сари Боҳир Қаюм омада, ҳодисаи оддӣ набуд. То кунун баъди қариб ҳафтоду ду соат онҳо ягон гиреҳе аз ин ҷинояти мудҳиш ба даст наовардаанд, рафту агар дар ҳамин муддат нафареро бо ҷурми даст доштан дар ҷинояти мазкур шахси гумонбаршуда муваққатан боздошт мекарданд, хоҳу нохоҳ баъди чанд соат барои собит накардани гуноҳаш аз ӯ узр пурсида, то беруни бинои милиса гуселаш мекарданд.
Нисбат ба милиса таи ин муддат онҳое, ки қасд ба ҷони Боҳир Қаюм намудаанд, хеле фаъолонатар амал намуданд. Аз он чи ки Боҳир Қаюм аз касе шубҳа надорад, ӯро низ гунаҳкор кардан аз рӯйи инсоф нест. Онҳое, ки қасд ба ҷонаш намуда истодаанд, боварӣ доранд, ки ӯ аз асрори ниҳонашон огоҳ аст, вагарна чи лозим ин ҳама ҷонканиҳо. Барои гуноҳи анча – мунча ҳеҷ кас даст ба куштор нахоҳад зад. Дар тарозуи вақт ҳаёту мамоти касро гузоштан кори саҳл нест. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда ҷанобашон аз мурдани худ хабар дораду аз ҳодисаҳои дар атрофаш рухдода не.

пешина
аз 515
навбатӣ