Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ё тавба…
– Марҳамат, хӯроки фармудаатон, – овоз рушан кард пешхизмат мизоҷро аз байни андешаҳояш берун намуда…
Бозгашти Абдумаҷидов ба милиса ба ҳолате рост омад, ки заммин алакай қабои сап – сафед ба бар карда буд.
Нигаронии дигаре, ки милисаро ба ташвиш оварда буд, ин то кунун муайян карда нашудани шахсияти аз бинои нӯҳошёна афтида буд. Дар ин бора милисаи ноҳияи Гулистон ба ҳамаи мақомотҳои корҳои дохилӣ ноҳияҳои тобеъи марказ ва ба раёсатҳои корҳои дохилии шаҳру вилоятҳо хабарнома бо иловаи расми мақтул фиристода буд. Маҳз ҳамин тарафи масъала ҳам рафти корҳои ҷустуҷӯиро ба қафо мекашид.
– Чашм нарасад ин даъфа ба қоғазҳои қиматнокатон (хабарномаҳои фиристода дар назаранд) тезтар таваҷҷӯҳ зоҳир намудаанд,– баробари пой ба даҳлези бинои милиса гузоштан гуфт сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар, ки ҳамон лаҳзаҳо нияти аз бино баромадан дошт.
– Шумо ба куҷо?
– Маро ба раёсати шаҳрӣ бозхонданд соате пас бармегардам,– гӯён Наврўз Умар аз бино берун шуд.
Абдумаҷидов бошад ба ошёнаи дуюм баромада, ба дари котибот ангушт зад.
– Марҳамат дароед, – шунид ӯ овози маҳини Ирина Сергеевнаро ва дарро кушод.
– Ҳа, Акбар Ҳакимович, ба шумо як даста мактуб, ана марҳамат шинос шуда, ба китоб имзои муборакатонро гузошта, онҳоро бо худ баред, – гуфт котиба.
– Ин ҳамааш пою қадами мубораки шумост Ирина Сергеевна, – гуфт Абдумаҷидов.
Аслан ӯ бо Ирина Сергеевна аз солҳои аввал ба милиса омаданаш шинос буд. Ирина Сергеевна чанд сол дар ШКД–и ноҳияи Гулистон вазифаи сардори котиботро ба дӯш дошт.
Баъдтар ӯ аз Душанбе ба ноҳияи Ваҳдат кӯчида рафт ва дурии роҳ баҳона шуду корро бас намуд. Ду моҳ пештар оилаи онҳо боз ба Душанбе баргашт ва касе хабари омадани Ирина Сергеевна Кимро ба гӯши Воҳид Камол, ки ин зани боматонатро мешинохтааст, расонд.

пешина
аз 515
навбатӣ