Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Бозгашти оилаи Ким ба ҳолате рост омад, ки котибаи ШКД ба шавҳар баромада, ба дигар ноҳия рафта буд. Воҳид Камол бо чи илоҷҳое Ирина Сергеевнаро ба қавле аз роҳ зада, калидҳои хазинаи милисаро (котибот дар назар аст) ба дасташ супорид.
Тайи ин солҳо Ирина Сергеевна қариб, ки дигаргун нашуда буд. Танҳо мӯйҳои мошубиринҷаш гувоҳи он буданд, ки сину соли вай то ба ҷое расида.
Ба пиндори аксари кормандон агар дар дунё се зани ҳалиму меҳрубон бошад, як тоаш Ирина Сергеевна буд, агар ду зан ҳам бошад як тоаш низ ӯ буд ва агар як зан бошад худи Ирина Сергеевна буд.
– Хуб, ана имзо ҳам намудам, баъд чӣ?
– Мактубҳоро гиреду кругом марш!
– Ташакур Ирина Серагеевна,– гӯён Абдумаҷидов дафтари кории Ирина Сергеевна Кимро тарк намуд.
Таваҷҷӯҳи ӯро танҳо мактуби ҳафтуми ба даст гирифтааш бедор кард:
Ба мактуби шумо таҳти рақами 8/136 аз 7.01 хабар медиҳем, ки расми ба мактуб иловашуда акси сокини шаҳри Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қобилов Некрӯз Хайрович соли таваллудаш 1976 мебошад. Ёдовар мешавем, ки Қобилов 18 декабри соли гузашта барои майдаавбошӣ дар назди қаҳвахонаи «Моҷаро» ба муддати понздаҳ шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ кашида шуда буд…
Сардори ШКД, ноҳияи Сино полковники милиса С.Б.Раҷабов.
Дар интихоби кадр қотилони Боҳир Қаюм ҳамто надоштаанд, рафту агар як сол ҳам гузарад, касе дар ин шаҳр парвои бе ному нишон гум шудани Қобиловро надоранд. Дигар дар ин бора ҳатто ҳарфе набуд.
Акнун ба ҷуз пурсиши расмӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон чораи дигар набуд, вале дар шароити кунуни ин кор ҳам чандон душвор набуд, чунки худи системаи Интернет аз ҷумла телефакс ва почтаи электронӣ на ин ки мардумон як кишварро, балки тамоми қавмҳои оламро бо ҳам пайваста буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё