Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ин ҷода танҳо субординатсияро риоя намудан шарт ва зарур буд, ба мактуб ё худ хабарнома онҳое имзо гузошта метавонистанд, ки номгӯяшон дар шартномаҳои байналмилалӣ омада буданд.
Абдумаҷидов дар ҳамин бора гузорише таҳия намуда, ба он ҷавоби хабарномаи гирифтаашро илова намуда, ба назди Воҳид Камол рафт…
… 26 …

Ҳарчанд Фурӯғ бегоҳии рӯзи гузашта ниҳоят дер аз кор рафт, вале сари субҳ аввалин шуда ба прокуратура омад. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки бибиаш ҳамеша таъқид мекунад, ки ризқи одами барвақтхез зиёд аст. То кадом андоза ин гуфтаҳо ба ҳақиқат наздиканд Фурӯғ намедонад, вале чун ҳар як фарде, ки ба зиндагӣ нигоҳи нек дорад ӯ низ боварӣ дорад, ки пандҳои бибӣ аз зиндагӣ гирифта шудаанд ва аз ҳақиқат орӣ нестанд.
Дирӯз бегоҳӣ вақте, ки ӯ аз идора баромад, замин пурра дар зери қабои сап – сафед буд ва он муъҷиза аз осмон меомаду меомад ва Фурӯғ гумон кард, ки ин барфро охир нест, бехабар аз он ки ҳамааш ба қудрати Илоҳӣ вобаста аст. Ин субҳ вақте ки аз хона баромад, ҳатто дар фазои бекарон абракеро ҳам надид. Офтоб дар сари қуллаҳои Ҳисор мавҷ мезад ва мусаллам буд, ки баъди на зиёдтар аз ним соат фазои шаҳрро ба оғӯши хеш мегирад. Новобаста аз ҳавои софу беғубор ҳаво дар нисбати субҳи дирӯз ниҳоят сард буд. Сардии ҳаворо ӯ баробари ба берун баромадан дарк намуд, ки рӯймолашро дурустар печонида, ҳатто тугмаи қисми болои палтояшро низ маҳкам карда, дастпушакҳояшро ба дастони нозукаш кашид. Аслан зимистон барои ҳамаи одамони резапайкар хусусиятҳои хоси худро меорад. Пушидани либоси ғафс онҳоро дар чашми бинанда қавипайкару зеботар месозад.
Фурӯғ ба милитсионери қаровул салом дода, ба дафтари кориаш рафт. Набудани системаи гармкунии умумӣ солҳои охир кори идораю муассисаҳоро ҳам душвор намуда буд, вале ҳама ба оянда бо чашми нек менигаристанд. Фурӯғ гармкунаки электрикиро ба системаи барқӣ пайваст ва ба сари мизи кориаш гузашт. Ҳарчанд дар истеҳсолоташ ҳамагӣ як парвандаи ҷиноӣ буд, вале ин маънои сабукии корро надошт.

пешина
аз 515
навбатӣ