Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Парванда дар ҳоле қарор дошт, ки мусофир дар шаҳри ношиносе, дар торикӣ мемонад. Ба қавли аксари кормандони соҳибтаҷриба, аз он буйи умеде ба машом намерасид.
Дирӯз баъди аз назди Боҳир Қаюм баргаштан прокурори ноҳия Ҳошим Бобохон сари ҳамин масъала изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ ҳатто баҳри ҳимояи хеш сухане нагуфт, не дурустараш гуфта натавонист. Ба гапи ҳақ чӣ мегӯӣ?
Муфаттиш ҳатто палтояшро накашида, боз ба омӯзиши ҳуҷҷатҳои дохили парвандаи ҷиноятӣ пардохт, ҳарчанд он ҳама қоғазҳо навиштаҳои худи ӯ буданд ва қариб, ки ҳамаашонро аз ёд медонист. Ӯ аслан дар ҳамин лаҳзаҳо заргареро мемонд, ки аз байни регу хок он зарраҳои хурди зарро ҷустуҷӯ дошт.
Соате пас, ё шояд камтар котиба дарро кушоду вайро аз ҷустуҷӯйҳои беохир раҳо намуд. Баъди салому ҳолпурсӣ котиба имзои ӯро гирифта, чанд лисонеро болои мизи кориаш гузошта баромад.
Ӯ ҳамоно қоғазҳоро ба даст гирифта, чашм ба онҳо дӯхт.
Бар хилофи он ҳама ноумедиҳое, ки нисбат ба таппончаи ба экспертиза фиристода дошт ташхисгар – баластик бо хулосаи хеш вайро бовар мекунонд, ки тафтишот дар самти дуруст ҳаракат дорад.
Тири аз ҷисми мақтул Мухтор Ҳайдар гирифташуда, ки ба ЭКО пешниҳод карда шудааст, аз таппончаи навъи «РГ – 040»
парронда шудааст. Тир навъи «СП – 3» буда, беовоз аст. Чунин навъи тир ва ҳамчунин яроқ ниҳоят камёфта аст. Ҳангоми ташхис муайян карда шуд, ки тири аз ҷисми Мухтор Ҳайдар гирифташуда аз ҳамон таппончае бурун ҷастааст, ки тафтишот ҳамчун таппончаи навъи хориҷӣ онро бо қарори ба ЭКО фиристодаи хеш ба қалам додааст.
– Ана акнун ёбу гир, – сарашро дошта аз дил гузаронд Фурӯғ. Ин таппонча аз куҷо ва чӣ хел ба ин ҷо омадааст ва чаро қотил маҳз дар вақти аз байн бардоштани сайдаш аз чунин яроқи гӯшношунид истифода бурдааст? Бо ҳама дониши андухтани хеш ҳамин лаҳза Фурӯғ худ намедонист, ки чӣ кунад. Он яхи ҳанӯз ду – се рӯз пеш ба ҷунбиш омада, имрӯз ҳаракаташро зиёдтар намуд ва муфаттиш худро болои он яхпорае дид, ки вайро агар чорае наандешад ба сӯйи уқёнус мебурд.

пешина
аз 515
навбатӣ