Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Чӣ бояд кард? Аз куҷо дар бораи ин таппончаи зормонда маълумот гирам? – аз дил гузаронд муфаттиш, аммо ба суолҳои хеш ҷавоб наёфт.
– Бе маслиҳати шахси кордоне аз ин варта берун омадан душвор, – аз дил гузаронд ӯ ва номзади чанд нафар пирони корро, ки дар чунин лаҳзаҳо метавонанд ба ӯ маслиҳат диҳанд, дар монитори хотираш сабт намуд. Баъди лаҳзае худи монитор ному насаби ғолиби озмунро баҳраш пешкаш кард.
– Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов хонд ӯ номи шахсеро, ки дар чунин лаҳзаи мушкил метавонист дасташ гирад. Ӯ ҳатто дуюмбора бо монитор сари баҳс нанишаст, чунки он чи ки ному насаби Абдумаҷидов рӯи саҳфаи монитор нақш баста буд, ҳамин ном дар қалби худи вай низ бо ҳарфҳои заррин ҷой шуд.
Муфаттиш даст ба гӯшаки телефон бурда, онро бардошт ва чанд рақамро дар диск зер намуда, гӯш ба қимор шуд.
– Абдумаҷидов гӯш мекунад, – шунид вай овози ваколатдори кофтукови ҷиноятиро.
– Акбар Ҳакимович салом, ин ман Фурӯғи Шариф .
– Шуморо гӯш мекунам.
– Ба ростӣ намедонам чӣ гӯям?
– Гап занед.
– Аз ЭКО хулосаи ташхиси баластики омад, он ҳоло дар дасти ман аст, агар бемалол бошед, як сари қадам омада ба он шинос мешудед, ман худам қариб, ки ҳеҷ чиз нафаҳмидам.
– Ҳоло мо ба назди Масрур Мӯсоевич даъват шудагӣ, чун аз он ҷо бароям, рост ба прокуратура меоям.
– Ба фикрам боз маҷлис доред?
– Ҳамин хел аст.
– Ин маҷлисбозӣ ба ҷонатон назадааст.
– Таблак дар дасти нағорачист, аз дасти мо чӣ меояд.
– Ҳастанд нағорачиҳое, ки таблакро ҳам дуруст навохта наметавонанд.
– Эҳтимол дар шумоҳо бошад, вале дар милиса ҳамаи нақоранавозон соҳибҳунаранд, – гӯён Абдумаҷидов ба суҳбат хотима гузошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё