Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Бало соҳибҳунаранд, – зери лаб ғунгос зада гуфт муфаттиш ва гӯшакро, ки ҳанӯз гуд–гуд дошт ба ҷояш гузошт.
Дар ҳоле ки вай қарор дошт ба гумон буд андешаи дигаре ба сараш биёяд. Оҳ, ӯ чи қадар мехост тезтар ба суолҳои хеш дар бораи он таппончаи зормонда, аз гурӯҳои зудамали вазоратҳои қудратии давлатҳои муштаракулманофеъ ҷавоб бигирад. Дилаш гувоҳи медод, ки касе аз майори милиса Абдумаҷидов ба суоли ӯ посухи беҳтаре нахоҳад гуфт, ҳарчанд ӯ бо гўши хеш шунида буд, ки ҳангоми дарёфти он таппонча Абдумаҷидов рӯирост иқрор шуд, ки бори аввал чунин тапончаро дида истодааст.
Ихлосу халос гуфтаанд ва ихлоси ӯ нисбат ба Абдумаҷидов аз он замоне пайдо шуд, ки ӯ ба кор омад. Ҳарчанд муносибати кормандони прокуратураю милиса муносибати мушу гурбаро монад ҳам, вале ҳамаи ҳамкорон аз ҷумла худи Ҳошим Бобохон нисбат ба Абдумаҷидов ақидаи нек доштанд.
Аксарият мегуфтанд, ки чун Абдумаҷидов танҳо як милисаро диданд ва Фурӯғи Шариф номи он милисаро, ки тахалуси Аргус9–ро гирифтаву номи аслиаш Файзулло Абдуллоевич Орзуев будааст, дар лавҳи хотироташ бо ҳарфҳои заррин сабт кардааст.
– Чун Орзуев ва Абдумаҷидов барин шахсиятҳо қариб, ки ангуштшуморанд, – ба ёд овард ӯ суханони собиқадори прокуратура Мир Почоевро.
Ихлоси ӯ нисбат ба Абдумаҷидов хеле зиёд буд ва рафту агар касе ҳам ӯро дар наздаш сиёҳ мекард, бовар намекард. Дар қалби ӯ Абдумаҷидов макони махсус дошт. Муфаттиш, ки ин субҳ вайро ғолиби озмуни монитори қалби хеш донист, магар метавонист, ки сари суолҳои дар қалбаш ба шарён омада, бо дигаре суҳбат намояд?
Соате гузашт, вале аз Абдумаҷидов дарак нашуд ва соати дуюм ҳам сипарӣ гардиду ӯ аз худ дарак надод. – Шояд ӯ фаромӯш намуда бошад, – аз дил гузаронд Фурӯғ ва ба навбатдори милиса тариқи телефони 02 занг зад.
– Он кас назди муовини сардор Мӯсоев дар маҷлисанд, – хабар дод навбатдор ва муфаттишро ба ҷуз интизорӣ дигар чорае намонда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё