Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

… 27 …
«Дар доми бало будан, беҳ аз бими балост», гуфтани мардум ҳикмате доштааст ва ин ҳикматро Боҳир Қаюм тайи ду шабонарӯзи дар беморхона буданаш ба хубӣ дарк кард. Аслан ӯ ба қавле бемор ҳам набуд. Аз он тири дайдуе сари китфаш каме сӯхта гузашта буд, метавонист табобати амбулаторӣ гирад, вале ҳомиёни қонун ӯро баръакси хоҳишаш ба беморхона оварданд. Овардан ин ҳанӯз кам аст, овардану аз қафояш боз назорат монданд ва ҳатто дастур ҳам доданд, ки зинҳор ба пеши тиреза наздик нашавад. Бо ин амали хеш милисаҳо ӯро аз хатар эмин доштанианд, бехабар аз он, ки дили вайро гургон тала доранд. Рафту Субҳия ба суроғи вай омадаву дар берун бошад?
Маҳз ҳамин ҳолат ӯро ором нагузошт, ки ба тарафи тиреза ҳаракат намуд. Аз барфи дирӯза нишони зебое чун қабои сафеди арӯсӣ болои замин дид, ки бо шуои офтоби имрӯза омехта шуда, чашми бинандаро мебурд.
Вай аз Субҳия нишоне надид, аммо ҳамин лаҳза дар кушода шуду ҳамшираи шафқат даромада монд. Беш аз як соат ному нишони вай набуд, ҳамин ки ӯ пеши тиреза пайдо шуду хост каме ҳам бошад зебогии табиати афсункорро тамошо намояд вай вориди палата шуд.
– О, ин чи кори кардагиатон, шумо ба ҷони ҷавони хеш ҷабр накунед! – гуфт ҳамшираи шафқат ва аз оринҷаш дошта вайро ба дарунтари палата овард то мабодо чашми бадбине ба вай нарасад.
– Чӣ ман ҳуқуқи ҳатто ба берун нигоҳ кардан ҳам надорам,
– ранҷида гуфт вай.
– Доред, вале…
– Чӣ вале?
– Охир худатон нағз медонед, ки кадоме қасди ҷонатон дорад. Илтимос фикри худ ва фарзандону оилаатонро намоед, – бо илтиҷо бигуфт ҳамшираи шафқат, ки ҳамсину соли худи вай буд.
– Шумо ҳамин хел даромада омадед ё касе шикоят кард?
– Чӣ гӯям?
– Росташро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё