Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Шикоят карданд.
– Кӣ? Ҳамон милисаи пушти дар?
– Не, аз берун.
Боҳир Қаюм ба хулосае омад, ки ӯро дар ин ҷо ба хотири омадани гурба чун муш нигоҳ медоранд. Маълум, ки гирди беморхона ҳам аз зери назорати милиса дур нест, модоме ки таи камтар аз як дақиқа хабари то ба пеши тиреза рафтани вай ба ошёнаи сеюм расид. Ин хуб буд ё бад ӯ намедонист, вале як чиз мусаллам буд, ки милиса аз бехатарии вай дар ташвиш аст.
Маҳз ҳамин ҳолат ӯро, ки ду рӯз боз аз Субҳия, аз он нозбӯйи зебояш хабар надошт, азоби рӯҳӣ медод. Мебоист, ки ман сари ҳамин масъала дирӯз бо муфаттиш суҳбат мекардам ва розигии ӯро барои омадани Субҳия мегирифтам.
«Исто ту чиҳо гуфта истодаӣ, о ду рӯз пеш Субҳия аз ҳамин муфаттиш дар он авҷи осмон шикоят накард», –нидо омад аз қалбаш.
– Дар ҳақиқат байни ин чор девори бетонӣ дар иҳотаи ин қадар чашмҳои ба сӯям дӯхташуда, ки чун шахси ноайён ҳаракатҳояшонро дарк мекунаму худашонро надида истодаам, нишаста майнаам ба тамом коста шудааст, – аз дил гузаронд бемор, вагарна ман чӣ тавр метавонам аз шахсе, ки бо нигоҳи сардаш ду шабонарӯз пештар қалби он нозбӯйи зебоямро шикофта, имтиёз ҷӯям…
– Шояд аз вай милиса имдод мехостам, ба ҳар ҳол сухани мард ба мард хуш аст?
– Кал додари кӯр, – гуфтаанд, рафту вайяш ҳам…
– Бовар намекунам, вай мард аст ва ман инро аз суҳбаташ нағз дарк намудам, марде, ки номашро метавонам дар лавҳаи дилам бо ҳарфҳои калон–калон нависам. Танҳо бо кӯмаку дастгирии вай ман метавонам боз ҷамоли зебои Субҳияро бубинам, рӯйи зебо ва мӯйи мушкинашро бибӯсам…
– Агар рухсат надиҳанд чӣ?
– Ман ултиматум мемонам. Охир онҳо наметавонанд маро дар занҷир баста монанд. Агар ба суханонам гӯш надиҳанд, ба назди тиреза меравам ва бигузор шахсе, ки қасди ҷонам дорад, хоҳишҳояшро амалӣ созад. Ба ман ин саре, ки паҳлуи сари гули баҳориам нест, лозим ҳам нест…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё