Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Боҳир Қаюм аслан аз бими бало дур набуд ва маҳз ҳамин ҳолат ӯро маҷбур сохт, ки баъди рафтани ҳамшираи шафқат дуюмбора сари гуфтаҳои мусоҳибони дирӯзааш андеша намояд…
Мавҷи хаёлоташ чун бод хотираҳоро аз дафтари зиндагиаш варақгардон намуд. Дар ҷавониаш бачаи шӯху беқароре буд. Ба қавли мӯйсафедони деҳашон дар мору мур ороми буду дар ӯ не, як кӯча не як деҳаи калон аз дасти бесариҳои ӯ ба дод омада буданд. Ба гумон буд, ки касе баъди сӣ сол барои шӯхиҳои кӯдакона, ки қариб безарар буданд, аз ӯ қасос гирад.
Аз ҳамин лиҳоз ӯ тамоми боби дафтари хотироташро яку якбора варақгардон намуд.
Давраи донишҷӯӣ он ҳама шӯхиҳояшро, ки дар ҷавонӣ дошт фаромӯш намуд. Чӣ айёми зебое буд он давр. Чун ҳама донишҷӯён ба пахтачинӣ мерафт, ҳарчанд то он замон пахтаро бо чашми сар надида буд, чиданаш он тараф истад. Ӯ ҳеҷ аз хотир намебарорад, ки рӯзи аввали пахтачинӣ баъд чиниши мошинагӣ пахтаи як замини калонро чида тамом карданд ва то бегоҳ дар он замин сафедие намонд, вале баъди ду – се рӯз он замин гӯё қабои сафед ба бар карда буд ва онҳо то охири мавсим боз чандин маротиба бо пахтаҳои замини дар боло зикраш рафта даст ба гиребон шуданд, вале мисли афсонаҳои деви ҳафтсар он замин таслим шудан намехост…
Пахтачинӣ сабаб шуду ӯ бо ҳамсабақон аз наздик шинос шуд, чун ёру бародар, чун хоҳару додар, ки касе пиёлаи чойро бе дигараш наменушид. Давраи донишҷӯӣ бо ҳарфҳои заррин дар дафтари хотироти вай сабт шуда ва ҷустани сабабҳое, ки касе ба ҷонаш қасд дорад аз эҳтимол дур.
То ба идораи суғурта роҳҳат гирифтан ӯ дар чанд муассисаи дигар ифои вазифа намуд ва чун бачаи дидадаро буд аз чашми роҳбарият дур намонд. Чун мудири идораи суғурта шуд, нонаш болои равған гашт, бехабар аз он, ки банди давлат дароз аст ва оқибат он ҳама хурдагиҳояш аз биниаш баромад. Дар ин ҷода ӯ ҳисобашро чӣ ба давлат ва чӣ ба он дӯстони қадрдоне, ки аз тафтишот номашонро ҳифз намуд, баробар кард. Маҳз баъди баргаштан аз дорулахлоқ бо дастгирии ҳамин мардони асил қоматашро дубора рост кард.

пешина
аз 515
навбатӣ