Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Не, агар онҳо қасди ҷони ман медоштанд бандаро ҳаргиз дастгирӣ намекарданд ва нисбат ба дӯстони ҷонӣ, нисбат ба онҳое, ки дар рӯзи сахт дастам гирифтанд гумонбар шудан беақлии маҳз аст. Боз нашуд…
– Шояд ин милисаҳо худашон ягон балоро намефаҳманд?
– Боз нашуд?
– Чаро нашуд?
– Маҳз қасд буд, ки бечора Мухтор ҷон ба ҷонофарин супурд, қасд буд, ки банда бо чашми чору дили афгор дур аз Субҳия дар ин ҷо хонабандам. Эй кош Субҳия меомаду ман ӯро боз медидам, мӯи нозбуяшро сила мекардам, аз лабу даҳонаш бӯса мегирифтам, – гӯён ӯ боз паси тиреза рафт, не ин даъфа аз тиреза каме дуртар истод аниқтараш паси девор дар кунҷе…
Дар зери кунҷи навад дараҷа чашм боз ба заммин дӯхт ва мардумони зиёдеро дар такопӯйи зиндагӣ дид. Шояд ҳамаи онҳо ба айёдати беморон омада буданд, вагарна онҳоро чи корест дар саҳни ин беморхона. Ҳама ба айёдати наздикони хеш омада буданд, ҳама ба дидори ёри хеш ба ҷуз як тан…
Худоро сӯи муштоқон нигоҳе,
Паёпай гар набошад, гоҳ–гоҳе10.
Нигори зебояшро дар байни он мардуми ба айёдат омада надида, ҳасрат кард ӯ.
Ӯ акнун фаҳмид, ки ҷароҳати дасташ дар қиёс бо ҷароҳати дилаш ҳеҷ аст ва ҳарчанд ҳамсари қонуниаш соате пештар аз наздаш бирафт, дили ӯ майли дидани дигареро дошт. Ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наоварда буд, ки набераи Зӯҳро Шафиевна (ин сухани дӯстдоштаи Субҳия буд, ки ҳангоми бори аввал бо ӯ шинос шудан худро ба таври расмӣ муаррифӣ намуда буд: – Субҳия набераи Зӯҳро Шафиевна) то ба ин дараҷа дар қалби вай маскан мегирад. Ба хотири он, ки ғубореро ба домони бибии Субҳия наафканад, ҳатто ҳангоми бори аввал бо муфаттиш рӯ ба рӯ шудан ин сирри хурдакаки хешро бо Субҳия пинҳон кард.
– Эй Субҳия, Субҳи ман:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё