Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 9

Агенти Зеҳнӣ · 4 ноябри 2026 · 411 саҳифа
РОМАН
ДОСТОНИ ПИСАРИ ХУДО
Ва замоне ки сипоҳи баргузидаи мақдунӣ бар асари лашкари гурезони Дорои Саввум асб метозонд, каргасрез шуд фазои размгоҳи шоҳи бандиву сатрапҳои саркаш. Ин бор Искандар каргасрези хаёливу сохта на, балки мурғонеро дид, ки аз ҳад зиёд бузург метофтанд ва пару боли беш доштанд. Ҷувозак мегаштанд онҳо. Пару бол афшонда, ҳавои тафсони тори майдонро бод дода, забонаи саробиву мурғакрави рўйи замини дўзахосоро барҳам заданӣ шуда, чархидаву даврида, зина ба зина паст меомаданд ва гардани дарозашонро хамидаву ёзида, менигаристанд ба замин ва гарданак зада, лоша меҷустанд; пойҳои сиёҳу безебашонро кашол карда, чанголи ифлосашонро кушода ва нохунҳои расидаву устухонигаштаашонро омода ба чанг задан сохта, ваҷоҳати одамхорӣ гирифта, нозебо – сахт безебу ғашовар сўйи замин мефаромаданд ин ҷонварҳои лошахори Худо. Сояи онҳо рўйи майиту мурдаҳои майдонро алас мекард ва ягон нимбисмили умеди зиндагӣ дошта набуд, ки ҳаловат аз сояи даргузари онҳо барад. Шоҳ Дорои Саввумро гардунаи ворунааш соя меафканд. Ва ҳанўз аз ҷасади ҳамоил ба гардунааш хун метаровиду мечакид ва реги тафсонро охурча карда карахш мебаст; чун ҷигаре мебаст, ки қассоб аз қафаси тан канда ба рўйи пўсти кандаву чаппа густурда афканда бошад. Ва шояд лошахўрон аввал ҳамин хуни бастаи шоҳро хўранд, ки ин қадар бамулоҳиза гирд мегарданд.
Искандар чашм пўшида, сар афшонда, боз менигарад сўйи само, ки рост бувад ё дурўғ. Зеро зиёд дида буд чунин ҷувозак гаштанҳои мурғони баднаморо; ҳама дар мағзу хаёлаш буданд.
Ҳолиё на андар тори сараш, балки ним фарсах дуртар рў ба рўйи чашмонаш гирд мегарданд.
— Онҳо аввал чашмро дармеоранд, – гўё тамоми роҳ дар ин мавзўъ сўҳбат дошта бошанд, фармуд Биталомус ва ба мағзи Искандар сахт расид. Ў баргашта сахт нигарист ба ҳамрикобаш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё